19:26 22 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп, акс аз бойгонӣ

Трамп нахост пирӯзиро ба Путин табрик гӯяд

© Sputnik / Дмитрий Астахов
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
213 0 0

Намояндаи Кохи сафед Хоган Гилд хабар додааст, ки дубора интихоб шудани Владимир Путин ба мақоми раисҷумҳарӣ барои раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп хабари ғайричашмдоште набуд

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп нахост ҳамкори русаш Владимир Путинро бо пирӯзӣ табрик гӯяд.

Намояндаи Кохи сафед  ба хабаргузории Reuters гуфтааст, ки дар нақшаи кории Доналд Трамп занги телефонӣ ба Владимир Путин  набуд.

Ба гуфтаи вай, дубора интихоб шудани Владимир Путин ба мақоми раисҷумҳурӣ барои Трапм хабари ғайричашмдоште нест.

Ёдрас мешавем, пештар раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин сӯҳбати телефонӣ дошт.

Эмомалӣ Раҳмон  Владимир Путинро ба муносибати пирӯзиаш дар интихоботи навбатии президентӣ сидқан табрик гуфта, ба хотири рушду пешрафти Русия дар фаъолияти минбаъдаи давлатиаш дастовардҳои нав ба нав орзу кард.

Сарони ду давлат сатҳи имрӯзаи муносибатҳои дуҷонибаи байнидавлатии кишварҳояшонро баланд арзёбӣ намуда, нисбати дурнамои густаришу тавсеаи онҳо дар қолаби шарикии стратегӣ изҳори некбинӣ кардаанд.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи ҷанбаҳои алоҳидаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.
Гуфта мешавад, ки суҳбат дар фазои самимият, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии комил, ки хоси муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия мебошад, сурат гирифт.

Ёдрас мешавем, ба наздикӣ рӯзи 18 март дар Русия интихобот доир гардид.
Дар ин интихот Владимир Путин пирӯз шуд. Ҳамин тавр, Владимир Путин бо гирифтани 74 дарсад райъи интихобкунандагон барои 6 соли дигар раисҷумҳури Русия интихоб гардид.

Барчаспҳо:
интихобот, Владимир Путин, Доналд Трамп, Русия, Амрико

Мавзӯъҳои асосӣ