18:16 22 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Раисҷумҳури пешини Фаронса Николя Саркозӣ, акс аз бойгонгӣ

Раисҷумҳури пешини Фаронса Николя Саркозӣ боздошт шуд

Kenzo TRIBOUILLARD / AFP
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
19610

Президенти пешини Фаронса Николя Саркозӣ ба иттиҳоми гирифтани сармояи бузург аз ҷониби режими либӣ ҳангоми ширкат дар интихобот дар соли 2007 боздошт шуд

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Раисҷумҳури пешини Фаронса Николя Саркозӣ дар робита бо тафтишоти парвандае, ки дар он маблағгузории интихоботи Фаронса дар соли 2007 бозбинӣ мешавад, боздошт шудааст.

"Бино бар иттилое, ки мо дорем, раисҷумҳури пешин дар Нантер (наздики Париж) дар ҳабс нигоҳ дошта мешавад, ки ба он ҷо барои бозпурсӣ даъват шуда буд. Гумон меравад, ки Николя Саркозӣ дар интихобот аз режими Либӣ пуштибонии молӣ шудааст,"- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ёдрас мешавем, ки пештар тоҷири фаронсавӣ Александр Ҷуҳрӣ дар Лондон бо дастури байналмилалӣ дар чорчӯби бозҷӯии қазияи таъмини молии корзори президентӣ Саркозӣ дар соли 2007 дастгир шуда буд.

Додситонии молии Париж дастури боздошт дод, ки Ҷӯҳрӣ, ки дар Швейсария ба сар мебурд, боздошт шавад. Зеро пештар Ҷуҳрӣ ҳама гуна даъватҳои мақомотро қабул намекард.

Баҳори соли 2012 нашрияи фаронсавии Mediapart ҳуҷҷатҳоеро мунташир кард, ки дар он гуфта мешуд, гӯё режими ливӣ ба корзори президентии Саркозӣ барои ниёзҳояш 50 миллион доллар додааст.

Баҳсҳои додгоҳӣ ин парванда дар Фаронса то ҳол идома дорад.

Барчаспҳо:
маблағгузорӣ, интихобот, Николя Саркози, Дар ҷаҳон

Мавзӯъҳои асосӣ