Таҷлили ҷашни Наврӯз дар шаҳри Истамбул

© Пресс-служба МИД РТТаджикские студенты в Стамбуле праздновали Навруз, архивное фото
Таджикские студенты в Стамбуле праздновали Навруз, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Истамбули Туркия бо ширкати донишҷӯёни тоҷик ҷашни байнулмилалии Наврӯз таҷлили шуд

ДУШАНБЕ, 21 мар— Sputnik. Рӯзи 18 март бо ибтикори Консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Истамбул Наврӯз дар ҳалқаи ҳамватанон ва донишҷуёни тоҷик таҷлил шуд, хабар медиҳад ВУХ Тоҷикистон.

Ба гузориши манбаъ, дар барномаи Наврӯзӣ беш аз 150 нафар ҳамватанон ва донишҷӯёни тоҷики муқими аз ш.Истамбул ва дигар ноҳияҳои атрофи вилояти Истамбул иштирок карданд.

Празднование Навруз в министерстве здравоохранения РТ - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ Наврӯзро дар осоишгоҳи "Харангон" таҷлил кард

Дар барномаи Наврӯзӣ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Истамбул М.Сафаров суханронӣ намуда, ҳамватанон ва донишҷуёни тоҷикро ба муносибати Наврӯз ва оғози фасли баҳор самимона табрик гуфтааст.

Дар чорабинии мазкур меҳмонон, донишҷӯёни тоҷик ва роҳбарони баъзе Донишгоҳҳои муқими Истамбул баромад карда, ҳозиринро бо фарорасии Иди байналмиллалии Наврӯзи аҷам табрику муборакбод намудаанд.

Манбаъ афзуда, ки дар ҷашни Наврӯзӣ дастурхони идонаи "ҳафтсину ҳафтшин" бо суманак ва дигар хурокҳои миллӣ ороста шуд. Ҳамчунин, бахшида ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намунаи ҳунарҳои мардумӣ, асарҳои косибӣ, либосҳои миллӣ, китобҳо оид ба фарҳанги мардуми Тоҷикистон ва маводҳои таблиғотӣ доир ба муаррифии симои кишварамон ба манзури иштирокчиён пешкаш гардидаст.

Лентаи хабарҳо
0