Сергей Мавроди – бунёдгузори "МММ" дар гузашт

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкСергей Мавроди, архивное фото
Сергей Мавроди, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бунёдгузори ҳарами молии "МММ" Сергей Мавроди имрӯз дар Маскав дар гузашт

ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Роҳгузаре ӯро дар яке аз истгоҳҳои автобус дар хиёбони Поликарпов дар Маскав бо вазъе вахим пайдо карда ва барояш ёрии пизишкӣ фаро хондааст, гузориш медиҳанд расонаҳои маскавӣ.

Сергей Мавроди дар яке аз бемористонҳо ба худ наомада дар гузаштааст. Гуфта мешавад, ки вай дар паи сактаи дил ҷонашро аз даст додааст.

Бунёдгузори ҳарами молии "МММ" 63 сол дошт.

Сергей Мавроди бунёдгузори ширкати "МММ" буд, ки яке аз бузургтарин ҳарамҳои молӣ дар торихи Русия буд.

Мавроди бо ин ҳарам камобеш 15 милюн касро фиреб дода ва беш аз 3 милёрд рублро хешонида буд.

Вай дар соли 1994 намояндаи Думаи кишварӣ низ шуда буд, вале ин маҷлис дар соли 1996 ваколати намояндагии ӯро бекор кард.

Мавроди дар соли 2003 муттаҳам ба фиребгарӣ ва дуздии супурдаҳои шаҳрвандон шуда буд. Додгоҳ ӯро муҷрим шинохт ва маҳкум ба 4,5 соли зиндон карданд. Аз рӯи парвандаи ӯ 10 454 кас ҷабрдида шинохта шуданд.

Мавроди соли 2014 ҳарами дигаре роҳандозӣ кард, вале ин бор дар ҷаҳони маҷозӣ ва бо арзи рамзии биткоин ва бо боздеҳи 100 дарсад, аммо камтар касе ӯро бовар кард.

Лентаи хабарҳо
0