Доналд Туск: 14 кишвари Иттиҳоди Урупо дипломатҳои Русияро ихроҷ мекунанд

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкПредседатель Европейского совета Дональд Туск, архивное фото
Председатель Европейского совета Дональд Туск, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукуматҳои 14 кишвари Иттиҳоди Урупо тасмим гирифтаанд, ки дипломатҳои Русияро аз қаламравашон ихроҷ кунанд, гуфт раиси Шурои Урупо Доналд Туск

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Сарвари Иттиҳоди Урупо Доналд Туск иттилоъ дод, ки ҳукуматҳои 14 кишвари урупоӣ тасмим гирифтаанд дипломатҳои Русияро дар пайванд бо "қазияи Солсбери" аз қаламравашон берун кунанд.

"Имрӯз ҳукуматҳои 14 кишвари Иттиҳоди Урупо тасмим гирифтаанд, ки дипломатҳои Русияро аз қаламравашон ихроҷ кунанд. Чорабиниҳои иловагӣ дар рӯз ва ҳафтаҳои наздик истисно намешаванд", — гуфт вай.

Туск асомии кишварҳои Иттиҳоди Урупоро, ки ин тасмимро гирифтаанд, инчунин шумораи дипломатҳоеро, ки бояд фиристода шаванд, номбар накардааст.

Дар шаҳри Солсбери 4-уми март ҷосуси бритонӣ Сергей Скрипал ва духтараш Юлия заҳролуд шуда буданд.

Ҷониби Бритониё таъйид менамояд, ки дар заҳролудшавии Скрипалҳо бо моддаи А234 давлати Русия гунаҳкор аст, аммо мақомоти Русия инро қатъиян радд мекунад.

Афзун бар ин, раисиҷумҳури ИМА Доналд Трамп тасмим гирифтааст, ки 60 дипломати русро аз кишвараш ихроҷ кунад ва сарконсулгарии Русия дар шаҳри Сиэтлро бибандад.

"Бо дар назар доштани гомҳои охирини ИМА, потенсиали бадтар шудани муносибот бо Русия ҳанӯз тамом нашудааст. Ва маъмурияти ИМА дар ин самт мунтазам кор мекунад", — шарҳ дод сенатори рус Алексей Пушков.

Ихроҷи дипломатҳои Русия аз бархе аз кишварҳои урупоӣ ва ИМА дар чорчӯби маъракае мегузарад, ки онро мақомоти Бритониё бар зидди Русия созмон додаасту муқобилияти дипломатиро ба сатҳи нав мебарорад, ки ин ҳеҷ ояндаи хубе надорад, эълом дошт ба РИА Новости раиси Шурои раёсатсҷумҳурии Русия Михаил Федотов.

"Он маъракае, ки ҳамакнун аз ҷониби мақомоти бритонӣ ташкил ёфтаасту, ба фиристодани дипломатҳои Русия аз як қатор кишварҳои урупоӣ, аз ҷумла аз ИМА, сабаб шудааст, муқобилияти вуҷуддоштаи дипломатиро ба сатҳи нав барорад. Ин ҳеҷ ҷои хубӣ надорад: Амрико дипломатҳои русро мефиристаду Русия дипломатҳои амрикоиро. Ин як муносибати маъмулии дипломатӣ аст", — шарҳ дод Федотов.

Лентаи хабарҳо
0