02:36 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Интихобот, акс аз бойгонӣ

Гузориш: интихобот дар Узбакистон беҳтар аз Тоҷикистон баргузор мешаванд

© Sputnik / Алексей Витвицкий
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
89 0 0

Ҷои аввалро дар раддабандӣ Қирғизистон бо дарёфти 53 PEI Index, дуюмро Қазоқистон ─ 45, сеюмро Узбакистон ─ 38 ва чорумро Тоҷикистон ─ 36 гирифтанд

ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷои чорумро гирифт, гуфта мешавад дар гузориши лоиҳаи "Арзишҳои интихобкунандагон", ки дар он кайфияти гузаронидани интихобот дар саросари ҷаҳон, арзёбӣ мегардад, иттилоъ медиҳад оҷонсии ТоҷикТА.

Тавре, ки дар гузориш қайд шудааст, дар раддабандӣ ҷои аввалро Қирғизистон бо дарёфти 53 PEI Index гирифтааст. Қазоқистон 45, Узбакистону Тоҷикистон бошанд, мутаносибан бо 38 ва 36 PEI Index-ӣ, дар ҷойҳои дуюм, сеюм ва чоруманд.

Ёдрас мешавем, ки ба нашри PEI-6.0 285 интихоботҳои миллӣ ва раисиҷумҳурӣ шомил шудаанд, ки дар 164 кишвар аз 1 июли соли 2012 то 31 декабри соли 2017, роҳандозӣ гардидааст.

Ҷойҳои аввалро дар раддабандӣ Дания, Финландия ва Норвегия гирифтаанд. Ҳабашистон, Гвинеяи Экваториалӣ, Сурия ва Бурунди дар феҳрист охиронанд.

Пештар иттилоъ дода шуд, ки Тоҷикистон дар нишондиҳандаи озодии иқтисодӣ аз Узбакистон пеш гузашта, дар ҷои 106-юм қарор дорад.

Дар раддабандии роҳат бурдани тиҷорат Doing Business, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ мунташир шудааст, Тоҷикистон дар ҷои 128-юм меистад.

Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии озодии иқтисодӣ, ки аз ҷониби коршиносони институти тадқиқотии Heritage Foundation таҳия шудааст, аз Русия пеш гузашт.

Ҳамин тавр, Тоҷикистон дар раддабандӣ ҷои 106-умро дар байни 180 давлат ишғол мекунад, Русия бошад, дар ҷойи 107-ум қарор дорад.  

Дараҷаи озодии иқтисод ба ҳисоби миёна аз даҳ нишондиҳандаҳои арифметикӣ ҳисоб карда мешавад: озодии тиҷорат, савдо, молиявӣ, сармоягузорӣ, меҳнат, озодии пулӣ ва молӣ, кафолати ҳуқуқи мулкӣ, андозаи дастгоҳи бюрократӣ ва дараҷаи ҳимоя аз фасод.

Барчаспҳо:
феҳрист, раддабандӣ, интихобот, Узбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ