Навори зарбаи мушакии ИМА ба Сурия: аз ҷойи ҳодиса

© AP / Hassan AmmarСША нанесли ракетный удар по Сирии
США нанесли ракетный удар по Сирии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Амрико ҳудуди 100 мушаки қанотдорашро ба Сурия сар дод. Шоҳидон лаҳзи инъикос ёфтани зарбаҳои мушкиро дар низоми мудофиаи зиддиҳавои Сурия ба навор гирифтанд.

ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ нахустин навор ва аксҳои мушакҳои ИМА, Фаронса ва Англияро дар Сурия мунташр карданд.

Шоҳидон лаҳзи инъикос ёфтани зарбаҳои мушкиро дар низоми мудофиаи зиддиҳавои Сурия (ПВО)  ба навор гирифтанд.

Вазорати мудофиаи ФР хабар дод, ки 14 апрел аз соати 3:42 то 5:10 ҳавопаймо ва киштиҳои қувваҳои мусаллаҳи ИМА, Англия ва Фаронса ба мавзеъҳои ҳарбӣ ва инфросохторҳои граждании Ҷумҳурии арабии Сурия зиёда аз 100 мушак ва мушакҳои дараҷаи "ҳавоиву заминӣ"-ро партофтанд. Қисми зиёди ин мушакҳоро низоми мудофиаи зиддиҳавои Сурия пахш кард.

​Низоми мудофиаи зиддиҳавоии  Сурия аз таҷҳизоте истифода мебурд, ки ҳанӯз 30 сол пеш дар даврони Иттифоқи Шӯравӣ сохта шуда буд.

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар изҳороти махсуси худ гуфт, ки Вашингтон бо ин амалҳояш нисбати Сурия терористҳоро рӯйпӯш мекунад.

Русия Шурои амнияти СММ барои баррасии амалҳои ИМА ва ҳаммаслаконаш ба маҷлиси фаврӣ даъват мекунад.

Тавре намояндаи расмии ВУХ Русия Мария Захарова гуфтааст, Русия дар Шурои амнияти СММ далелҳои ҳамлаи ғайриқонунии Амрикоро ба Сурия пешниҳод мекунад. Ҳамчунин вай афзудааст, зарбаҳои Амрико ва ҳаммаслаконаш ба раванди гуфтушунидҳо хотима мебахшад.

Лентаи хабарҳо
0