14:01 20 июли 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.96
  • RUB0.15
Башшор Асад. Акс аз бойгонӣ

Асад: Сурия таҷовузи Амрикоро бо мушакҳои солҳои 1970-ум пас зад

© Sputnik / Сергей Гунеев
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
39300

Аз солҳои 1990 инҷониб, дар филмҳои Амрико нишон медиҳанд, ки аслиҳаи русӣ ақибмондааст, вале мо имрӯз мебинем, ки дар асл кӣ ақибмонда аст, иброз дошт Башшор Асад

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Сурия Башшор Асад дар вохӯрӣ бо намояндагони парлумони Русия эълом дошт, ки қувваҳои мусаллаҳи кишвараш таҷовузи ИМА-ро бо мушакҳои солҳои 70-ум пас заданд, гуфт ба хабарнигорон ҳамоҳангсози гурӯҳи Думаи давлатӣ оид ба робитаҳо бо парлумони Сурия, раиси платформаи "Россияи воҳид" Дмитрий Саблин.

"Дирӯз мо таҷовузи амрикоиро дидем ва онро бо мушакҳои солҳои 70-ум пас задем… Аз солҳои 1990 инҷониб, дар филмҳои амрикоӣ нишон медиҳанд, ки аслиҳаи русӣ ақибмондааст, вале мо имрӯз мебинем, ки дар асл кӣ ақибмонда аст", — гуфтаҳои раисҷумҳури Сурияро такрор намуд оқои Саблин.

Башшор Асад зарбаҳои мушакии ИМА ба Сурияро таҷовуз номид

Ҳайати расмии намояндагони парлумони ФР 11 апрел бо сафари расмӣ ба Сурия омаданд.

Субҳи 14-уми апрел нерӯҳои мусаллаҳи ИМА, Бритониё ва Фаронса ба иншоотҳои ҳукуматии Сурия зарбаҳои мушакӣ заданд, ки ин иншоот, ба фикри онҳо, барои тавлиди аслиҳаи кимёвӣ истифода мешаванд. Дар кулл ба Сурия зиёда аз 100 мушак сар дода шуд, ки аксари онҳо тавассути нерӯҳои зиддиҳавоӣ нест карда шуданд.

Мавзуъ

Коротченко гуфт, чӣ гуна Русия ба ҳамлаҳои мушакии ИМА ҷавоб хоҳад дод
Башшор Асад зарбаҳои мушакии ИМА ба Сурияро таҷовуз номид
Барчаспҳо:
мушакҳои амрикоӣ, пас задан, ҳамла, Башшор Асад, Сурия, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ