10:48 19 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Ким Чен Ин

Куриёи Шимолӣ дигар силоҳи ҳастаӣ озмоиш намекунад

© Sputnik / Илья Питалев
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
150 0 0

Дар шимоли Куриёи Шимолӣ як макони озмоиши ҳастаӣ баста мешавад. Ким Чен Ин гуфт, ки минбаъд Куриёи Шимолӣ дар паи рушди иқтисод мешавад

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Куриёи Шимолӣ озмоиши силоҳҳои ҳастаӣ ва мушакҳои дурпарвозро боз медорад. Раҳбари ин кишвар дар бораи барномаи нави рушди иқтисоди кишвар гуфтааст.

Ба гузориши РИА Новости чунин қарор дар ҷаласаи Ҳизби коргарони Куриёи Шимолӣ қабул шудааст.

Вале ба эъломи боздории озмоиши силоҳҳои ҳастаӣ нигоҳ накарда, Куриё иқтидори ҳастаияшро нигоҳ хоҳад дошт. Ҳукумат мегӯяд агар хатаре ба онҳо таҳдид кунад, албатта аз силоҳи ҳастаӣ истифода хоҳад кард. 

"Акнун, ки мо силоҳҳои ҳастиро пурра кардем барои озмоиши силоҳҳои ҳастаӣ ва мушакҳои дурпарвоз дигар ниёз нест ва макони озмоиши ҳастаӣ вазифаашро иҷро кард", — гуфтааст Ким Чен Ин.

Озмоиши силоҳҳои ҳастаӣ ва мушакҳои дурпарвоз аз 21 апрел боз дошта мешавад. Ким Чен Ин гуфт, ки минбаъд Куриёи Шимолӣ дар паи рушди иқтисод мешавад.

Раисҷумҳури Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ин рӯзи 27 апрел бо раҳбари Куриёи Ҷанубӣ Мун Чжэ Ин дидор хоҳад кард. Пас аз ин мулоқот раҳбари Куриёи Шимолӣ бо Доналд Трамп мулоқот хоҳад кард.

Барчаспҳо:
озмоиши силоҳи ҳастаӣ, Ким Чен Ин, Куриёи Шимолӣ

Мавзӯъҳои асосӣ