Эрдуғон ба Узбакистон сафар мекунад

© AP / Pool Photo via APПрезиденты Узбекистана и Турции Шавкат Мирзиёев и Реджеп Эрдоган
Президенты Узбекистана и Турции Шавкат Мирзиёев и Реджеп Эрдоган - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Интизор меравад, дар ҷараёни сафари расмии худ, раисҷумҳури Туркия Раҷаб Эрдуғон бо раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев мулоқот мекунад

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо сафари расмӣ ба Узбакистон меравад, хабар медиҳад нашрияи Daily Sabah.

Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни сафари расмии худ расиҷумҳури Туркия Раҷаб Эрдуғон бо кишвардори Узбакистон Шавкат Мирзиёев, мулоқот хоҳад кард.

Мавзӯи аслии гуфтушунидҳо ҳамкорӣ дар бахши сармоягузорӣ хоҳад буд.

Президенты Узбекистана и Турции Шавкат Мирзиёев и Реджеп Эрдоган - Sputnik Тоҷикистон
Эрдуғон барои Мирзиёев шеъри узбакӣ хонд

Илова бар ин, Узбакистон ва Туркия масоили самтҳои сармоягузорӣ дар гардишгарӣ, кишоварзӣ, хӯрокворӣ, мошинолот, автомобилсозӣ, дорӯворӣ, нассоҷӣ, кимиё ва ғайраҳоро муҳокима хоҳанд кард.

Пас аз боздиди Узбакистон, Эрдуғон ба Кореяи Ҷанубӣ меравад.

Дар моҳи феврали соли ҷорӣ, раисҷумҳури Узбакистон ва Туркия Шавкат Мирзиёев ва Раҷаб Эрдуғон вохӯриҳои дарпешистодаи худро дар сатҳи олӣ телефонӣ муҳокима карданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки татбиқи лоиҳаҳои бузурги муштаракро дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, бонкдориву молиявӣ, ҳамлу нақл ва сайёҳӣ, фаъолтар намоянд.

Мирзиёев таи соли гузашта самти фаъол намудани муносибот бо Анқараро интихоб карда буд. Дар авохири октябр ҳангоми сафари ӯ ба Туркия, ҷонибҳо баш аз 20 ҳуҷҷат оид ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталифро имзо карданд.

Ширкатҳо, муассисот ва идораҳои ду кишвар созишнома ва шартномаҳоро ба маблағи беш аз 3,5 миллиард доллар имзо карда, инчунин ҳамоҳангӣ намуданд, ки дар ояндаи наздик чархиши коло байни ду кишварро то ба 3-4 миллиард доллар дар муқобили 1,4 миллиард, ки то охири соли 2017 интизор мерафт, афзоиш диҳанд.

Лентаи хабарҳо
0