Сурия аз ҳуҷуми нави мушакӣ ба пойгоҳҳои низомиаш хабар дод

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкСитуация в Алеппо, архивное фото
Ситуация в Алеппо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳуҷуми мушакӣ дар наздикии шаҳри Ҳамот ва Ҳалаб анҷом дода шудааст

ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Ба мавзеъҳои низомии Сурия дар наздикии шаҳрҳои Ҳамот ва Ҳалаб ҳуҷумҳои мушакӣ анҷом дода шуд, хабар додааст як манбаъ  РИА Новости.

Ба иттилои вай, ҳуҷум ба мавзеъҳои низомӣ аз ҷониби "мушакҳои душманон" анҷом дода шудааст.

Пештар  ин манбаъ хабар дода буд, ки ба анборҳои силоҳҳои артиши Сурия дар назадикии Ҳамот ва Ҳалабро эҳтимол қӯшунҳои ҳавоӣ ҳуҷум кардаанд. Дар пайи ҳуҷум дар анборҳо сӯхтор сар задааст.

Ёдрас мешавам, пештар Вазорати мудофиаи ФР хабар дод, ки 14 апрел аз соати 3:42 то 5:10 ҳавопаймо ва киштиҳои қувваҳои мусаллаҳи ИМА, Англия ва Фаронса ба мавзеъҳои ҳарбӣ ва инфросохторҳои граждании Ҷумҳурии арабии Сурия зиёда аз 100 мушак ва мушакҳои дараҷаи "ҳавоиву заминӣ"-ро партофтанд. Қисми зиёди ин мушакҳоро низоми мудофиаи зиддиҳавои Сурия пахш кард.

Лентаи хабарҳо
0