10:47 16 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.66
  • RUB0.14
Президент Сирии Башар Асад. Архивное фото

Асад: ягона кори ИМА дар Сурия – дастгирии террористон аст

© Sputnik / Сергей Гунеев
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
141 0 0

Ҳукумати Сурия борҳо эълом дошт, ки ИМА дар қаламрави Сурия ғайриқонунӣ қарор дорад ва даъват намуд, ки нерӯҳои низомии он аз ҳудуди кишвар бароварда шавад

ДУШАНБЕ, 13 май- Sputnik. Ягона маъмурияти ИМА дар Сурия — ин дастгирии террористон аст, эълом дошт раисҷумҳури Сурия Башшор Асад.

Ҳукумати Сурия  борҳо эълом дошт, ки ИМА дар қаламрави Сурия ғайриқонунӣ қарор дорад, ва даъват намуд, ки нерӯҳои низомияш аз ҳудуди кишвар бароварда шавад.

Дар мусоҳиба бо хабарнигори рӯзномаи юнонӣ "Катимерини" раисҷумҳури Сурия қайд намуд, ки "ягона маъмурияти ИМА дар Сурия — ин дастгирии террористон аст".

Раисҷумҳури Сурия илова кард, ки дар Шарқи Наздик ҷанги навъи нави ҷаҳонӣ меравад.

"Ман бисёр умедворам, ки мо ҳеҷ гуна муноқишаи бевоситаи байни давлатҳои абарқудратро намебинем", — гуфт ӯ.

Ба саволи он, ки оё ӯ аз имконияти сар задани ҷанги сеюми ҷаҳонӣ дар Сурия ҳарос надорад, Асад манфӣ ҷавоб дод.

"На, ҳарос надорам, ана ба кадом сабаб: хушбахтона, раҳбарияти хирадманди Русия ҳаст  ва он хуб медонад, ки Иёлоти Муттаҳида мушкили асосии низоъ аст".

Аз оғози маъракаи Трамп, дастури кори рӯзонаашон зидди Русия аст — ё муноқиша бо Русияро эҷод кард, ё Русияро паст зад, ва ё ин ки Русияро нест кард. Бо шарофати хирадмандии русҳо мо метавонем пеши роҳи шиддатгирии ҷангро гирем", — шарҳ дод раисҷумҳури Сурия.

Мавзӯъҳои асосӣ