21:12 21 августи 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.76
  • RUB0.14
Болға. Акс аз бойгонӣ

Ҳукми қатли додгоҳи Эрон ба шаш узви "Давлати исломӣ"

© Sputnik / Максим Богодвид
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
58 0 0

Мувофиқи қонун маҳкумшудагон ҳуқуқ доранд дар давоми 20 рӯз аз болои ин ҳукм шикоят баранд

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Додгоҳи инқилоби исломии Эрон ҳашт мардро дар робита ба ҳамлаи гурӯҳи "Давлати исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) ба бинои порлумон ва оромгоҳи Оятуллоҳ Хумайнӣ ба қатл маҳкум кард, хабар медиҳад оҷонсии IRNA. 

Оҷонсӣ қайд мекунад, ки мувофиқи қонун маҳкумшудагон ҳуқуқ доранд дар давоми 20 рӯз  аз болои ин ҳукм шикоят баранд. Ҳукми қатли шаш ҷангҷӯй, рӯзи 13-уми май дар Теҳрон содир шудааст.

Рӯзи ҳафтуми июни соли 2017 гурӯҳе иборат аз ҳафт кас бо либоси занона ба бинои парлумони Эрон оташ кушоданд. Каме баъдтар яке аз ҷангҷӯён худро тарконида буд. ВКД Эрон нобудшавии яке аз ҷангҷӯёнро тасдиқ карда буд.

Ҳамчунин оромгоҳи Оятуллоҳ Ҳумайнӣ ҳам таҳти ҳамлаи теруристон қарор гирифта буд: як ҷангҷӯй худро дар наздикии ин оромгоҳ тарконида буд.

Дар паи ҳамлаҳои теруристон наздики 20 кас ҷон бохту чандин нафари дигар захмӣ шуда буд.

Барчаспҳо:
шаш кас, ҳукми қатл, гурӯҳи ҷиноии "Давлати исломӣ", Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ