Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Барандаи “Евровидение-2018” овозхон аз Исроил шуд

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкПевица Нетта Барзилай (Израиль), победившая в финале международного конкурса "Евровидение-2018"
Певица Нетта Барзилай (Израиль), победившая в финале международного конкурса Евровидение-2018 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имсол Нетта аз Исроил дар озмуни миллӣ Rising Star пирӯз шуду бо шарофати он ба озмуни “Евровидение” роҳ ёфт

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Ғолиби озмуни мусиқии байналмилалии "Евровидение-2018" овозхон Нетта аз Исроил бо суруди Toy шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори РИА Новости.

Нетта дар озмуни миллӣ Rising Star пирӯз шуду бо шарофати он ба озмуни "Евровидение" роҳ ёфт. Суруди ӯ Toy муваффақияти ногуфтаниро соҳиб шуда, клипи расмии ин суруд аллакай беш аз 26 миллион дидро дар канали YouTube, гирд овардааст.

Аммо дар паси ин оҳанги сабукфикрона як паёми бисёр муҳим пинҳон аст ва ӯ ба онҳое дахл дорад, ки ҳар гуна таҳқир ва муносибати беинсофонаву ноадолатонаро дар нисбати худ дидаанд.  

"Як ҷаҳон ташаккур ба шумо! Ман бисёр хушбахтам ва бори дигар аз шумо миннатдорам, ки ғайришабеҳонро интихоб мекунед. Ман кишварамро хеле дӯст медорам!", — гуфт Нетта ҳангоми гирифтани ҷоиза.

Победителем конкурса Евровидение-2017 стал португалец Сальвадор Собрал - Sputnik Тоҷикистон
Бе Русия: овозхони португалӣ Салвадор Собрал дар Евровидение-2017 пирӯз шуд
  

Нахустин бор аст, ки "Евровидение" дар Португалия рӯи саҳнаи Altice-и Порки Миллӣ баргузор шудааст.

Имсол тамошои он таҳти шиори "All Aboard!" гузашта, дар тарҳрезӣ мавзӯъҳои уқёнусӣ ҳукмфармоянд.  Намоиши охирини "Евровидение" рӯзи шанбе сурат гирифта буд. Дар ин консерти бузург  иштирокчиён зиёда аз 26 кишвари дунё ҳузур доштанд.

Натиҷаҳои овоздиҳии томошобинон ва ҳайати доварони касбӣ нишон доданд, ки ғолибиятро овозхони исроилӣ Нетта ба даст оварда, ҷои дуввумро намояндаи Кипр Элени Форейре бо суруди Fuego гирифтааст. Дар ҷои сеюм бошад, овозхон аз Австрия Сезар Сэмптон бо навои Nobody But You меистад.

Лентаи хабарҳо
0