Путин аксҳои "нимбараҳна"-и худро тавзеҳ дод

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПутин провел отпуск в Республике Тыва, архивное фото
Путин провел отпуск в Республике Тыва, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар посух ба суоли як рӯзноманигор тавзеҳ дод, ки аксҳои нимбараҳнаи вай чигуна паҳн мешаванд

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар посух ба суоли он, ки чигуна аксҳои "нимбараҳнааш" мунташир шудаанд, гуфт, ҳангоми истироҳат аз касе пинҳон намешавад.

Дар рафти мусоҳиба бо телеканали ORF (Австралия) рӯзноманигор аз раисҷумҳури пурсон мешавад, ки аксҳои нимбараҳанаи раисҷумҳур аз куҷо паҳн мешаванд, ки онҳоро вебгоҳи Кремл низ мунташир мекунад.

"Шумо гуфтед, "нимбараҳна". Шукри Худо, ки бараҳна не. Ман вақти истироҳат кардан низ, аз касе пинҳон шудан намехоҳам ва ин кори худро дуруст мешуморам",- посух додааст Путин.

Джефф Монсон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Путин ба варзишкори амрикоӣ Ҷеффри Монсон шаҳрвандӣ дод

Пештар хабар дода шуд, ки даромади солонаи раисҷумҳури Русия муайян шуд.

Вебгоҳи Кремл ҳисоботи даромади солонаи раисҷумҳури Русия Владимир Путинро барои соли 2017 мунташир кардааст.

Мувофиқи он президент дар соли 2017 18,7 миллион рубл пул кор карааст, ки дар ҳамин давраи соли гузашита даромади роҳбари кишвар 8,86 милион рублро ташкил медод.

Чун пештара ҳоло раисҷумҳур як хонаи масоҳаташ 77 метри квадратӣ ва гараж дорад. Ҳамчунин дар ихтиёри Путин як манзили дигар низ ҳаст, ки масоҳати он 153,7 метри квадратӣ аст.

Бино бар иттилои манбаъ, Путин ду худрави ГАЗ М21, Ниваи ядакдор дорад. Гуфта мешавад, ки раисҷумҳур замине бештар аз 1500 метри квадратӣ надорад. 

Дар соли 2015 даромади раисҷумҳур 8,86 милион рубл будааст. Дар соли 2014 он 7, 654 миллион рублро ташкил дод. Дар соли 2015 раисҷумҳур қарор дод, ки маошашро то 10 дарсад кам мекунад.

Лентаи хабарҳо
0