03:09 21 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.82
  • RUB0.14
Гулҳои Душанбе

Обу ҳаво: имрӯз дар Тоҷикистон то 39 дараҷа гармӣ пешбинӣ мешавад

© Sputnik / Амир Исаев
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
71 0 0

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок дар назар дошта шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Ҳарорати ҳаво 39 дараҷаро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Имрӯз, 11 июн дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +15+20 ва рӯзона +32+37 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбанда шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона +10+ 15 ва рӯзона +25 +30 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти ғарб 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +19 +24 ва рӯзона +34 + 39 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, танҳо дар бархе аз ноҳияҳо боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ мешавад. Дар водиҳо шабона 15-20 ва рӯзона 32-37 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда,  шабона +15+17 ва рӯзона +34 +36 дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
гармӣ, тобистон, Агентии обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ