11:32 20 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.82
  • RUB0.14
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов

Ширкати Сироҷиддин Аслов дар нишасти СПАД дар Алмаато

© Sputnik / Стас Этвеш
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
50 0 0

Дар рафти ҷаласа вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СПАД доираи васеи масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима карда, доир ба масоили ҷорие, ки дар рӯзномаи созмон дар марҳилаи муосир матраҳ гаштаанд, мубодилаи афкор намуданд

ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Имрӯз, 11 июн дар Алмато ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) баргузор гашт, ки дар кори он ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ширкат варзид.

Тавре дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад, дар рафти ҷаласа вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СПАД доираи васеи масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима карда, доир ба масоили ҷорие, ки дар рӯзномаи созмон дар марҳилаи муосир матраҳ гаштаанд, мубодилаи афкор намуданд.

"Зимни суханронии худ дар ҷаласа, Вазири корҳои хориҷӣ самтҳои афзалиятноки Тоҷикистонро дар доираи СПАД қайд карда, вазъи мушкили амниятии ҳозираро дар қаламрави Афғонистон бавежа таъкид намуд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дар интиҳои ҷаласа бастаи санадҳои нав ба имзо расид, ки он барои баррасӣ зимни ҷаласаи дарпешистодаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД пешниҳод мегардад.

Барчаспҳо:
мулоқот, СПАД, Сироҷиддин Аслов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ