Роҳандозии шабакаи радиои тоҷикӣ дар Амрико

CC0 / Pixabay / Радиостанция, архивное фото
Радиостанция, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шабакаи радиоӣ бо бо номи "Голос Востока" (Садои Шарқ”) бо ҳадафи пахши барномаҳои тоҷикӣ дар шаҳри Ню-Йорки Амрико, роҳандозӣ шудааст.

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Ин шабакаи радиоӣ аз рӯзи 18 июн шурӯъ ба пахши барномаҳои вижаи тоҷикӣ мекунад.

Аввалин барномаи тоҷикии ин радио, мусоҳибаи ихтисосӣ бо хонанда ва бастакори машҳури тоҷик Неъмат Асрорӣ ва хонандаи тоҷик Замираи Файзълӣ аст, ки ба тозагӣ ба Амрико кӯчидаанд.

"Голос Востока", нахустин радио дар амрикост, ки ба чанд забони барои атбои Осиёи Марказӣ, барнома таҳия мекунад.

Барномаҳои ин шабака бо истифода аз Интернет пахш мешаванд ва дар ҳар гӯшаи дунё, қобили дарёфт ва шунидан аст.

Ашраф Зикиров, тоҷири самарқандии муқими Амрико, ин шабакаи радиоиро роҳандозӣ карда ва ин шабака бахше аз  ҳолдинги бузурги матбуотисти вай аст, ки интишори як рӯзномаро ҳам бар ӯҳда дорад.

Масъулияти бурдани таҳияи барномаҳои тоҷикии шабакаи "Голос Востока"- ро ҳам Умедҷон Аҳмадзода, як журнолисти тоҷики муқими Амрико бар ӯҳда дорад. Умедҷон Аҳмадзода қаблан дар телевизиони Тоҷикистон кор мекард ва ду сол пеш барои таҳсил ба Амрико рафт.

Аҳмадзода бо ишора ба пахши аввалин барномаи ин шабака дар рӯзи 18 июн гуфтааст, ҳадафи мо аз роҳандозии ин шабака радиоӣ, муаррифии арзанда ва шоистаи миллати бузурги тоҷик ва ошиносохтани ҷаҳониён бо одобу русум ва дастовардҳои кишвари Тоҷикистон аст.

Лентаи хабарҳо
0