Ронандае, ки ҳашт касро пахш кард: педалҳоро иштибоҳ кардам

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкТакси
Такси - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфтаи ронанда, вай аз изтироб мехост тарки ҷойи ҳодиса кунад

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Ронандае, ки дар маркази Маскав 8 касро пахш кард, мегӯяд, ҳангоми рондани мошин ба хатогӣ роҳ дод: педалҳоро иштибоҳ кард.

Вай афзудааст, пеш аз ҳодиса наздики 20 соат дар сари чамбараки мошин буд ва рӯзи гузашта ҳамагӣ се соат хоб карда буд.

"Газро зер кардам ва фикр кардам, ки тормозро пахш мекунам… ҳатто намедонам, ки чӣ кор кардам", — мегӯяд вай.

Ҷавон таъкид мекунад, ки аз изтироб мехост рӯ ба гурез ниҳад.

Ёдрас мешавем, шоми 16 июн дар яке аз кӯчаҳои марказии Маскав — Илинка ронандаи таксии рангаш зард аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромад. Худав ба пиёдароҳа баромада, роҳгузаронро пахш кард. Бино бар маълумоти пешкӣ дар пайи ин ҳодиса 8 кас ҷароҳат бардоштаанд.

Маркази ташкили ҳаракати нақлиёти Маскав нусхаи шаҳодатномаи ронандаеро, ки ҳашт касро пашх кард, мунташир кард. Дар акс шаҳодатномаеро дидан мумкин аст, ки 13 августи соли 2013 аз ҷониби мақомоти Қирғзистон дода шуда, ба Анорбек ӯғлу Чингиз тааллуқ дорад.

Лентаи хабарҳо
0