Селфӣ бо мори 5-метра қариб сари ҷангалбонро хӯрда буд

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкЗмея, архивное фото
Змея, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз корманди ҷангал сокинон кӯмак хостанд. Вақте ки ӯ ба ҷойи ҳодиса расид, мори 40-килограмаеро дарёфт, ки бузеро фурӯ бурдааст

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Телевизонҳои Ҳиндустон хабар доданд, ки  ҷангалбоне дар кишвар ҳангоми селфӣ бо мори 5,5-метра қариб ба коми хазанда фурӯ рафта буд.

Бино бар иттилои расонаҳо, дар иёлати Бенгалияи Ҳиндустон ҷангалбонро сокинони деҳаи Ҷалпайгурӣ ба кӯмак даъват карданд.

Дулта — ҷангалбон, вақте ки ба ҷойи ҳодиса расид, дарёфт, ки мори 40-килограма бузи яке аз сокинонро бутун фурӯ бурдааст.

Тавре, дар телевизион қайд карданд, дар ин ҳолат ӯ бояд морро ба халтаи махсус андохта, аз макони аҳолинишин берун мебурд ва дар ҷангал озод мекард. Аммо мард, хостори аксгирӣ бо мор шудааст ва қоидаҳои бехатариро фаромӯш кардааст.

Пас аз сонияе, ки мард морро ба гарданаш овезон мекунад, мор печутоб хӯрда, мардро буғӣ кардааст.

Дар навор дида мешавад, ки ҳарчанд ҷангалбон кӯшиши аз ин ҳамлаи марговари мор халос шуданро мекунад, ба вай даст намедиҳад.

Шоҳидони ҳодиса ба кӯмаки мард шитофта, ӯро аз "чанголи" мор халос кардаанд. Дулта зинда мондааст ва ба ҳаёти вай чизе таҳдид намекунад.

Лентаи хабарҳо
0