Бахти бузург: бурди 170 миллион рубл дар бахтозмоӣ

© Стас ЭтвешДеньги в кейсе, архивное фото
Деньги в кейсе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вебгоҳи "Столото" бо мақсадҳои чораҳои бехатарӣ исми ин марди хушбахтро ошкор намекунад

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Дар Русия як сокини шаҳри Челябинск дар бахтозмоӣ бештар аз 170 миллион рубл бурд кард. Дар ин бораи дар вебгоҳи ширкати лотореяҳои давлатии "Столото" хабар дода мешавад.

"Ба хотири чораҳои бехатарӣ исми марди пурбарор ошкор карда намешавад", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Бурди сокини Челябинск чорумин бурди бузург дар торихи бахтозмоиҳо дар Русия будааст.

Пештар хабар дода шуд, ки сокини деҳоти Новопокровкаи ноҳияи Балашови вилояти Саратов дар бахтозмоӣ 2,5 миллион рубл бурд кард. То ин бурд, зан қариб якуним сол билет мехаридааст.

Зан дар мусоҳиба бо хабарнигорон гуфтааст, ки то бурд садҳо билет мехарид ва бозиҳояш нобарор буданд. Аммо ноумед намешуд ва харидории билетҳоро идома медод.

Зан то ҳол ба иқбол боварӣ дорад ва аз бозии бахтозмоӣ даст кашиданӣ нест.

Лентаи хабарҳо
0