Тӯйи пурдабдабаи набераи раисҷумҳур бо овозхонҳои номӣ (АКС)

CC0 / Pixabay / StockSnap / Свадьба, архивное фото
Свадьба, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Набераи президент пешниҳоди ҷавони 22-солаи ҷумҳурӣ - фарзанди яке аз хонаводаҳои пурнуфузи кишварро қабул кардааст

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Дуҳтари раиси Кумитаи муносибатҳои байналмилалии сенати мудофиа ва амнияти Қазоқистон Дарига Назарбоева ва набераи раисҷумҳури кишвар Нурсултон Назарбоев Венера шавҳар кард, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.

Номзади вай Дален Чайҷунусови 22-сола фарзанди яке аз хонаводаҳои пурнуфузи Қазоқистон будааст. Дар бораи баргузории тӯй расонаҳои расмии Қазоқистон хабаре надодаанд, аммо меҳмонони базм аз толори меҳмонхонаи машҳури Алмато Ritz-Carlton  дар Инстаграм аксҳо мунташир кардаанд.

Публикация от NURALI ALIYEV (@imnurali) 24 Июн 2018 в 7:40 PDT

 

Венера дар акс куртаи сафеди зебое дорад. Дар базм аввал раисҷумҳури Қазоқистон ва бонуи рақами яки кишвар ба навхонадорон дуои нек медиҳанд. 

At a wedding @gggboxing @kair_n @a.b_aida

Публикация от NURALI ALIYEV (@imnurali) 24 Июн 2018 в 7:38 PDT

 

Ба тӯй хешовандони арӯсу домод, дӯстони наздик ва ситораҳои эстрада даъват шуда буданд. Ҳунарманди машҳури рус Филипп Крикоров низ, ки дӯсти наздики Дарига Назарбоева будааст, ба табрики навхонадорон рафтааст.

 

 

Байни меҳмонони олимақом ҳамчунин қаҳрамони ҷаҳон Геннадий Головкин, ширкаткунандаи озмуни "Голос" Иля Юдичев ва сарояндаи машҳури қазоқ Ғайрат Нуртас даъват шуда буданд. Ҳамчунин тӯйро чанд ансамбли рақсӣ оро медоданд. 

Ҷашн дар доираи беҳтарин анъанаҳои қазоқӣ баргузор гардид. Хӯрокҳои миллӣ пешниҳод мешуданд ва овозхонон ба забони қазоқӣ базмро гарм мекарданд. Дӯстони арӯсу домод мегӯянд, ки Венера ва Дален ду сол пештар ошно шуда буданд.

Лентаи хабарҳо
0