21:19 17 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Иранская болельщица на мачте Иран - Испания

Акси духтари эронии зебову беҳиҷоб корбарони шабакаҳои иҷтимоиро қоил кард

© AP / Frank Augstein
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
74701

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ акси як духтари зебои эрониро баррасӣ мекунанд, ки дар қаҳрамонии футболи ҷаҳон тими Эронро дастгирӣ мекард

Дар интернет акси зани эроние, ки дар рафти ҷоми футболи ҷаҳон тими Эронро мухлисӣ мекунад, машҳур мешавад.

Корбарон пай бурдаанд, ки либоси ин зан ба акси ID-корте, ки дар гарданаш овезон аст, комилан фарқ дорад.  

​Ӯ дар акс либоси анъанавии исломӣ ба бар кардааст, ки мӯйсар, китф ва дастонашро пинҳон мекунад. Аммо ба варзишгоҳ ӯ бе ҳиҷоб, бо домани кӯтоҳ ва шиками кушода омадааст.

Акс дар шаҳри Қазон дар рафти  бозии Эрону Испания гирифта шудааст.

​Акси зани зебои эронӣ байни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда, дар байни корбарони вебгоҳи Reddit баҳси гармеро ба миён овардааст.

Пештар мақомоти Эрон эълом кард, ки маҳдудияти занонро дар тамоишои бозии футбол дар варзишгоҳҳо бардоштааст.

Барчаспҳо:
ҷоми ҷаҳон, духтар, футбол, Ҷоми ҷаҳон-2018, Эрон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ