12:44 21 сентябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR11.09
  • RUB0.14
Вазири хориҷаи ИМА Майк Помпео

Сафари ғайриинтизори вазири хориҷаи Амрико Майк Помпео ба Афғонистон

© AP / Andrew Harnik
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
62 0 0

Вазири хориҷаи Амрико Майк Помпео ногаҳон ба Кобул омад, то бо раисҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ мулоқот кунад

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Вазири хориҷаи Амрико Майк Помпео барои мулоқот бо раисҷумҳури Афғонистон ногаҳон ба Кобул омад, иттилоъ додааст шабакаи телевизионии Ariana News.

"Вазири хориҷаи Амрико Майк Помпео ба Кобул барои мулоқот бо раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ омдааст",- хабар додааст шабакаи телевизионӣ.

Ба гуфтаи манбаъ, қарор аст, Майк Помпео бо мақомоти баландпояи Афғонистон мулоқот намуда, масъалаҳои кумаки Амрико ба Кобулро баррасӣ кунанд. Инчунин зимни дидору мулоқот масъалаи кумаки низомии Амрико ба Афғонистон низ баррасӣ хоҳад шуд.

Моҳи августи соли қаблӣ раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп барномаи роҳбурдии нави Амрикоро дар Афғонистон муаррифӣ кард.

Вай дар бораи хусусиятҳои роҳбурдии низомии Амрико тавзеҳ надод, аммо таъкид кард, ки низомиёни Амрико аз Афғонистон зуд хориҷ карда намешаванд.  Раисҷумҳури Амрико тасмим гирифта буд, ки ҳузури низомиёнаш дар Афғонистонро ба 3 ҳазор нафар зиёд кунад. Дар ҳамин сурат теъдоди низомиёни Амрико дар Афғонистон ба 14 ҳазор нафар хоҳад расид. 

 

Барчаспҳо:
Помпео, Ғанӣ, Ашраф, вазири хориҷа, сулҳ, Афғонистон, ИМА

Мавзӯъҳои асосӣ