Хорватия умедҳои Англияро дар ҷоми ҷаҳон барбод дод

© Sputnik / Mikhail Serbin / Гузариш ба медиабонкИгрок сборной Хорватии Лука Модрич радуется забитому голу в матче группового этапа чемпионата мира по футболу между сборными Аргентины и Хорватии.
Игрок сборной Хорватии Лука Модрич радуется забитому голу в матче группового этапа чемпионата мира по футболу между сборными Аргентины и Хорватии. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар даври финали Ҷоми футболи ҷаҳон, ки 15 июл дар варзишгоҳи "Лужники"-и шаҳри Маскав баргузор мешавад, тимҳои миллии Фаронсаву Хорватия рақобат мекунанд

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Шаби гузашта дар шаҳри Маскав дастаи Хорватия бар тими Англия бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.

Коршиносон пешбинӣ мекарданд, ки тими Англия бар дасати Ховатия пирӯз мешавад ва дар бозии ниҳои шоҳиди мусобиқаи Англия-Фаронса мешаванд.

Дар дақиқаи аввали бозӣ ба назар мерасид, ки ин пешгӯиҳо рост мебароянд.  Дар дақиқаи панҷуми сабқат нимҳимоятгари мунтахаби Англия Киран Триппе ҳисоби бозиро боз кард.

Аммо умед мухлисони Англияро, ки тими милллиашонро аллакай дар финал медиданд, дар дақиқаи 68-ум нимҳимоятгари мунтахаби Хорватия Иван Перишич барбод дод. Вай ба дарвозаи Англия гол зада ҳисобро баробар кард.

Дар ҳамин ҳол, 90 дақиқаи бозӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт.

Голи ҳалкунандаро дар дақиқаи 109-уми иловагӣ ҳамлагари хорват Марио Манҷукич ба дарвозаи Англия равон кард ва ҳамин тавр орзуҳои кишвари асосгузори футболро аз бозии ниҳоӣ парешон кард.

Лозим ба ёдоварист, ки дастаи Хорватия бори  аввал  аст, ки дар таърих ба финали Ҷоми футболи ҷаҳон роҳ ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол 15 июли соли ҷорӣ дар варзишгоҳи "Лужники" тими Хорватия ва Фаронса барои ҷоми футболи ҷаҳон рақобат хоҳанд кард.

Пештар дастаи Фаронса Белжикро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода, ба бозии финал роҳ ёта буд. 

Лентаи хабарҳо
0