18:07 21 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
260 0 0

Дар Урал ширкаткунандаи озмуни зебогӣ Ксения Метсгерро то мурдан бо болға заданд

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Дар Урал ҷасади  як зебосанам, ки пештар дар озмуни зебогии Missis World Russia ширкат кардааст, пайдо гардид.

Тавре вебгоҳи Chelyabinsk.ru хабар медиҳад, марҳум Ксения Метсгер ном доштааст.

Настроение)

Публикация от Ксения Туленкова-Мецгер (@sunny22km) 21 Июн 2018 в 9:07 PDT

Бино бар иттилои мақомот, ҷасади духтари 29-соларо 17 июл дар ноҳияи Кизили вилояти Челябинск пайдо карданд. Бино бар маълумоти додгоҳи вилоятӣ, духтар ба марги ғайритабиӣ мурдааст.

"Бо ин далел тибқи моддаи "куштор"-и Кодекси ҷиноии Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст", — афзудааст манбаъ.

Ҷавонеро ба иттиҳоми куштори зебосанам дастгир кардаанд. Муттаҳам 24-сол дошта, дар маркази таъмири худравҳо кор мекардааст. Дар рӯзи ҳодиса Ксения  барои таъмири худрав ба назди ҷавон  омада буд.

Маълум гардид, ки духтар бо муттаҳам пештар маслиҳати мулоқотро карда буданд.

Ҷавон бо баҳонаи таъмири худрав Ксенияро ба марказ даъват карда, сипас ба узви марҳум бо болға задааст. Муттаҳам ҷасадро дар пакети полиэтиление пинҳон карда, аз ҷойи ҳодиса пинҳонмекунад.

Маълум аст, ки Ксения дар Амрико истиқомат мекард ва ба Русия  барои дидори волидонаш омада буд. Ахиран, 16 июл вай ба Урал барои фурӯхтани худараваш рафта, дигар бар нагашт. Аз ӯ як писарак ятим мондааст.

 

 

Гуфта мешавад, ин бори аввал нест, ки дар Урал харидорони нақлиёт барои соҳиби ба амвол фурӯшандаҳоро мекушанд.

Барчаспҳо:
муттаҳам, тафтишот идома дорад, куштор, зебосанам, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ