20:17 20 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Роҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров

Посух ба Слепаков: Қодиров дар васфи футболбозони тими Русия шеър навишт

© Sputnik / Саид Царнаев
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
127 0 0

Пештар роҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров ҳаҷвнигори рус Семён Слепаковро ба Чеченистон барои сабти суруди нав даъват карда буд

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Роҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров дар бораи бозиҳои тими миллии футболи Русия дар сабқатҳои Ҷоми футболи ҷаҳон шеър нависта, аз ҳаҷвнигор  Семён Слепаков даъват кардааст, ки таронаи нав сабт кунад.

"Слепаков пеш аз оғози ҷоми ҷаҳон маро барои навишатни шеъри ҷавобӣ ба таҳрика андохт. Акнун ман дар анҷоми Ҷоми футболи ҷаҳон як шеъри дигар навиштам. Шояд пас аз хондан ва таҳрир кардани он, Слепаков таронаи наверо менависад, ки  тамоми кишвар бихонад", - навиштааст Қодиров.

Дар шеъраш роҳбари кишвар бозиҳои тими миллиро дар ҷоми футболи ҷаҳон васф кардааст.

Ёдрас мешавем, пештар ҳаҷвнигори машҳури рус Семён Слепаков таронае суруда, тими миллии футболи Русияро ҳаҷв карда буд. Вай пешниҳод мекард, ки роҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров пеш аз оғози ҷоми футболи ҷаҳон мураббии даста таъин шавад.

Пештар Рамазон Қодиров Семён Слепаковро барои сабти суруди нав ба Чеченистон даъват кард. Слепаков аз Қодиров миннатдор гашт.

Ёдрас мешавем, дар Ҷоми футболи ҷаҳон-2018 тими Русия бори аввал дар торих то давраи чорякфиналӣ расид.

Барчаспҳо:
Рамазон Қодиров, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ