05:57 12 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Имтиҳонҳои дохилшавӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Тақаллубкорӣ ба манфиати донишҷӯёни тоҷик дар Ростови Русия

Российский центр науки и культуры в Душанбе
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
31010

Роҳбари комиссияи дохилшавии Донишгоҳи аграрии Ростов натиҷаҳои имтиҳонҳои дохилшавиро ба фоидаи шаҳрвандони Тоҷикистон тақаллубкорӣ кардааст.

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Дар вилояти Ростови Русия корманди донишгоҳи аграрӣ аз мақоми худ истифода намуда довталабони тоҷикро ба ҷойҳои буҷетӣ дохил намудааст, хабар додаанд расонаҳои маҳалӣ.

Тибқи парвандаи ҷиноии боз шуда, котиби масъули комиссияи дохилшавии Донишгоҳи давлатии аграрии ДонскойиРостов, аз мақоми худ барои ба даст овардани фоида, истифода намудааст.

Вай аз аъзоёни комиссия дохилшавӣ талаб намудааст, ки натиҷаи корҳои довталабони Тоҷикистон, ки ба донишгоҳ дохил мешаванд, бо диққат тафтиш карда шавад. Вай таъкид кардааст, ки дар сурати пайдо намудани иштибоҳҳо дар имтиҳон онҳоро ислоҳ намоянд.

Дар натиҷа 28 шаҳрванди Тоҷикистон тариқи буҷавӣ ба донишгоҳи аграрии Ростов дохил шуданд. Ба гуфтаи мақомоти бозҷӯии Ростов ба сабаби тақаллубкории масъулини комиссия, довталабони Русия, ки дар мактабҳои миёна имтиҳонҳои умумии давлатӣ супориданд, натавонистанд ба донишгоҳи комёб шаванд.

Вобаста ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Барчаспҳо:
Ростов, донишҷӯ, донишгоҳ, таҳсил, Русия, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ