12:08 20 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.82
  • RUB0.14
Кадр видео, распространенный ИГ, где молодые граждане Таджикистана присягают на верность организации

Навори қасамхӯрии панҷ ҷавони тоҷик ба номи Бағдодӣ пеш аз ҳамла ба сайёҳон (НАВОР)

© Valerio Mazzoni
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
867252

Дар навор панҷ ҷавони тоҷик, ки ба куштори сайёҳони хориҷӣ муттаҳам мешаванд, ба номи роҳбари ДОИШ Абӯбакр ал-Бағдодӣ қасам мехӯранд

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Панҷ ҷавони тоҷик, ки ба куштори сайёҳон дар Данғара муттаҳам мешаванд, пеш аз ҳодиса дар наворе ба номи роҳбари ДОИШ Абӯбакр ал-Бағдодӣ қасам хӯрдаанд.

Тавре хабаргузории BBC хабар дод, наварро яке аз вебгоҳҳои таблиғгари ДОИШ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) мунташир кардааст.

Ин наворро як корбари Твиттер Valerio Mazzoni дар саҳифааш бознашр кард.

Навор бо далоили номаълум дар саҳифаи Твиттер бидуни овоз аст. Аммо ба иттилои BBC, дар он "яке аз ҷавонон ҳукуматдорони тоҷикро маҳкум карда, кофар хондааст, ки дину сарзамини худро фурӯхтаанд".

Дар охир ҷавонон даст ба дасти ҳам дода, ҳамрайъияшонро ба Абубакри Бағдодӣ, роҳбари созмони террористӣ баён дошта, ваъда додаанд, ки "кофарҳоро мавриди ҳамла қарор хоҳанд дод".

Ҳоло мақомоти Тоҷикистон расман таъйид накардаанд, ки нафарони дар наворбуда — ҷавонони муттаҳам ба куштори гардишгарон мебошанд.

Аммо зоҳиран бар асоси аксҳое, ки ВУД пешниҳод кардааст, дар навори ироакардаи ДОИШ воқеан ҳамлагарон ба сайёҳон дар Данғара сабт шудаанд.

Ҳамла ба 7 дучархасавори хориҷӣ 29-уми июл дар мавзеи Себистони ноҳияи Данғара рух додааст. Мошини "Леганза" сайёҳонро зер карда, сипас афроди дохили мошин  ба ҷабрдидагон бо корду табар ҳамла кардаанд.

Дар натиҷа 4 сайёҳи хориҷӣ ба ҳалокат расида, 2 нафари дигар  ҷароҳат бардошта, дар беморхонаи ноҳияи Данғара бистарӣ гардидаанд. Шаҳрванди Франсия Казабат Гуиллаюм Ҷеан осеб надидааст.

ДОИШ 30 июл бо нашри як изҳорот масъулияти ҳамларо бар ӯҳда гирифт. Созмони террористӣ, зоҳиран барои исботи ҳамлааш навори қасамхӯрии муттаҳамонро низ мунташир кард.

Барчаспҳо:
қасам, ҳамла, ДОИШ, Дар ҷаҳон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ