Парлумон барои "гаппартоию забондарозӣ" дар кӯча ҷарима муқаррар кард

© Sputnik / Ramil Sitdikov / Гузариш ба медиабонкДевушки на проспекте имени В.В. Путина в Грозном
Девушки на проспекте имени В.В. Путина в Грозном - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Парлумони Фаронса барои гаппартоии ғайриахлоқӣ сӯи духтарон дар кӯча ҷарима муқаррар кардааст

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik.  Тибқи иттилои расонаҳои фаронсавӣ ҳаҷми ҷарима барои "забондарозӣ" нисбати занон дар кӯча аз 90 то 750 евроро ташкил медиҳад. Ин қарор дар пайи латукӯби як духтар дар Париж аз сӯи ҷавоне қабул карда шуд. Духтар аз ҳуштаккашии ҷавон нисбати худ изҳори норозигӣ карда, мавриди латукӯб қарор гирифта буд.

Камера слежения, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳимояти Ҳарамгули Қодир аз "гаппартоӣ": мардонро зери фишор нагузоред

Дар Брюсел ҷарима барои гаппартоии ғайриахлоқӣ сӯи занон аз моҳи сентябри соли 2012 амалӣ гардида, ҳаҷмаш 250 евроро ташкил медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки дар шаҳри Душанбе низ дар пайи шикояти гуруҳи занон,  бо дастури шаҳрдор Рустами Эмомалӣ, барои баррасии озори лафзии мардон нисбати занон гурӯҳи корӣ ташкил гардид.

Абдумаҷид Усмонзода, сухангӯи раиси шаҳри Душанбе дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба гурӯҳи созмондодаи шаҳр намояндагони шаҳрдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Кумитаи занон, Кумитаи ҷавонон ва дигар идораҳо шомил шуданд.

"Муроҷиати занонро шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ баррасӣ карда, дастур дод, ки гурӯҳи корӣ ташкил карда шавад", — гуфт сухангӯй.

Вай афзуд, минбаъд аз дурбинҳои назоратии шаҳр муносибати мардону ҷавонон нисбати духтарону занон пайгирӣ карда мешавад. Аммо ҳоло гурӯҳ чораандешӣ нисбати ин тоифа мардонро муайян накардааст.

"Пас аз омӯзиши пурраи ин масъала роҳҳои мубориза бо он муайян хоҳад шуд", — мегӯяд Усмонзода.

Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали раиси Душанбе мегӯяд, гарчанде озори лафзии мардони тоҷик нисбати занон густурда нест, гуруҳи корӣ ин масъаларо меомӯзад. Ӯ таъкид намуд, ки мардуми тоҷик масъалаҳоро зуд дарк мекунад ва ин зуҳурот низ зуд бартараф мешавад.

Лентаи хабарҳо
0