11:26 12 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
551 0 0

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар тӯйи хонум Карин Кнайсл, вазири умури хориҷии Австрия иштирок кардааст

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Кремл, Владимир Путин дар тӯйи Карин Кнайсл ва соҳибкор Волфганг Майлингер иштирок карда, ба арӯс дастагул тақдим намудааст.

Президент РФ Владимир Путин дарит цветы министру иностранных дел Австрии Карин Кнайсль
© Sputnik / Алексей Дружинин
Президент РФ Владимир Путин дарит цветы министру иностранных дел Австрии Карин Кнайсль

 

Манбаъ мегӯяд, сипас раисиҷумҳури Русия арӯсро ба рақс даъват намуда ва тайи як соат дар тӯй иштирок доштааст.

Путин бо ибрози нӯшбод бо забони олмонӣ навхонадоронро шодбош гуфта, ба онҳо тасвири деҳоти Русия, дастгоҳи истеҳсоли равған ва "самовар"-и русӣ тақдим намудааст.

Тӯйи хонадоршавии Карин Кнайсл, арӯси 53-сола ва Волфганг Майлингер, соҳибкори 54-сола 18 август дар ҷануби Австрия таҷлил шуд. Путин, ки бо сафари корӣ дар Аврупо қарор дошт, яке аз меҳмонони ин ҷашн буд.

Барчаспҳо:
Австрия, тӯй, Путин, рақс, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ