Гӯсфанди гурезпои қурбонӣ дар роҳ ба сӯи масҷид мардуми Санкт-Петербургро тарсонд (НАВОР)

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкБараны, архивное фото
Бараны, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гусфанди гурезпоро дар маркази шаҳр ба навор гирифтанд. Тавре маълум шуд, вай ба ҷониби масҷид мешитофтааст

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Дар Санкт-Петербург ба ҷониби масҷид шитофтани гусфанди бесоҳибе мардумро шигифтзада кард, хабар медиҳад "Фонтанка".

Ин ҳайвоне, ки дар иди Қурбон эҳтимол кушта шуданаш вуҷуд дорад, дар гузаргоҳи Большой проспекти маркази Петербург тез-тез қадам мезад. Тавре маълум шуд, гусфанд ба масҷиди ҷомеи шаҳр мешитофт, ки он ҷо мусалмонон иди Қурбонро таҷлил мекарданд.

Яке аз  шоҳидони ин саҳнаи аҷиб, давидани гӯсфандро ба навор гирифта дар интернет гузоштааст.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки кормандони БДА Маскав дар арафаи иди Қурбон ҳаракату интиқоли гӯсфандонро дар Маскав таҳти назорат гирифтанд.

Тибқи иттилои хабаргузории "Москва" нозирони роҳ алайҳи интиқоли гӯсфандон дар мошинҳо санҷиш гузарониданд ва ба ронандаҳо хотиррасонкарданд, ки қурбонӣ кардан дар ҳудуди шаҳр мумкин нест.

Лентаи хабарҳо
0