16:18 21 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.54
  • RUB0.15
Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков, акс аз бойгонӣ

Песков аз шарҳи зарбаи ҳавоии Русия ба Афғонистон худдорӣ кард

© Sputnik / Владимир Астапкович
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
238 0 0

Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков, гуфт масъалаи зарбаи ҳавоӣ ба Афғонистон ба Кремл рабт надорад

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков, аз шарҳи ҳамлаи ҳавоӣ ба шимоли Афғонистон худдорӣ кард, иттилоъ медиҳад хабаргузории РИА Новости.

Хабарнигорон аз Дмитрий Песков суол карданд, ки Кремл масъалаи задухӯрди мусалаҳона дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро пайгирӣ дорад ё не, гуфт ин суолро ба мақомоти дахлдор бидиҳед.

Вай таъкид кард, ки миёни Тоҷикистону Русия равобити бисёрҷанба, аз ҷумла дар масоили амниятӣ ва ҳимояи марз, ба роҳ монда шудааст.

Ахиран мақомоти Афғонистон эълон карданд, ки ҳавопаймоҳои Тоҷикистону Русия ба волусволии Дарқади вилояти Тахор зарбаи ҳавоӣ задаанд.

Пойгоҳи хабарии Афғонистон, — "Тулуъ" аз қавли Муҳаммад Ҷовид Ҳиҷрӣ, сухангӯи волии вилояти Тахор иттилоъ додааст, ки рӯзи якшанбе волусволии Дарқад ҳадафи мушакборон ва рӯзи душанбе мавриди ҳамлаи ҳавопаймоҳои ҷангӣ қарор гирифтааст.

Аммо мақомоти Тоҷикистон ва Русия иддао дар бораи бомбборон кардани қаламрави таҳти назорати Толибон дар Афғонистонро рад карданд.

Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон бо нашри як изҳорот иттилоъ дод, ки гуруҳи мазкури ҷангҷӯён аз қаламрави Афғонистон вориди хоки Тоҷикистон шуда, аз силоҳи автомат ва "гранатамёт" сӯи "Нива"-и ҳомили шаҳрвандони Тоҷикистон оташ кушодаанд.

"26 август, соати 15:00 аз минтақаи таҳти назорати отряди сарҳадии "Ҳамадонӣ" дар ноҳияи Фархор, як гурӯҳи 10-12 — нафарии афғонҳо ғайриқонунӣ сарҳадро убур карда, аз 50 то 100 метр вориди хоки Тоҷикистон шуданд",- омадааст дар иттилоияи мақомоти марзбонӣ.

Манбаъ афзуд, ки шахсони мусаллаҳ бо автоматҳои АК-47 ва "гранатомёт" ба як мошини ҳомили се шаҳрванди Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор ҳамла карда дар натиҷа ду нафар кушта шуданд.

Қушунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон эълон кард, ки дар минтақаи сарҳадии "Ҳамадонӣ" ҳолати изтирорӣ эълон шуда, феълан амалиёт барои ошкор ва нобуд сохтани гурӯҳи номаълуми афғон идома дорад. 

Барчаспҳо:
мусалаҳона, задухурд, Песков, марз, ҷангҷӯён, Русия, Афғонистон, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ