17:33 25 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
Певец, первый заместитель председателя комитета Государственной Думы РФ по культуре Иосиф Кобзон, архивное фото

Иосиф Кобзон даргузашт

© Sputnik / Алексей Куденко
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
162 0 0

Ҳунарманди машҳури Русия Иосиф Кабзон пас аз бемории тӯлонӣ дар синни 81-солагӣ даргузашт

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Иосиф Кобзон даргузашт, хабар медиҳад РИА Новости.

Ҳунарманди машҳур дар синни 81-солагӣ аз бемории саратон вафот кардааст.

"Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ вафот кард. Вай 81 сол дошт", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Макон ва замони маросими видоъ бо ҳунарманд маълум нест.

Кобзон соли 1937 дар Украина таваллуд шудааст. Ӯ вакили Маҷлиси Русия буд.

Пештар хабар дода шуд, ки муовини аввали Кумитаи Маҷлиси Русия дар масоили фарҳангӣ Иосиф Кобзон ба яке аз бемористонҳои Маскав бистарӣ гардид. Гуфта мешуд, ӯ аз соли 2005 инҷониб бо бемории саратон мубориза мебарад.

Ёдрас мешавем, моҳи гузашта низ Кобзонро ба бемористон интиқол дода буданд. Аммо наздиконаш гуфтанд, ки он вақт саломатиаш хуб буд ва танҳо барои табобат бистарӣ гашта буд.

Кобзон бо ҳофизони Тоҷикистон, аз ҷумла ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов дӯстиву иртибот дорад. Чанд мартиба дар Тоҷикистон консертҳояшро баргузор кардааст.

Кобзонро барои ҷонибдории ҳамроҳ шудани Қрим ба Русия дар соли 2014 ва ҷонибдории мавқеи Ҳукумати Русия ба чанд кишваҳои Аврупо ва Амрико роҳ намедоданд.

Барчаспҳо:
даргузашт, Иосиф Кобзон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ