00:40 12 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп, акс аз бойгонӣ

Трамп эҳтимоли аз Созмони ҷаҳонии тиҷорат берун шудани Амрикоро эълон кард

© Sputnik / Антон Быстров
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
99 0 0

Муддатҳои тӯлонӣ дар Созмони ҷаҳонии тиҷорат бо Амрико “муносибатҳои бад” доштанд ва бояд ин ташкилот рафторашро иваз кунад, изҳор дошт раисҷумҳур Доналд Трамп

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико таҳдид кард, ки агар дар рафтори Созмони ҷаҳонии тиҷорат тағйироте ба миён наояд, Вашинтгон аз ин созмон хориҷ хоҳад шуд.

"Агар Созмони ҷаҳонии тиҷорат рафторашро беҳбуд набахшад, ман аз ин ширкат хориҷ хоҳам шуд", — дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Блумберг" гуфтааст  Трамп.  

Вай таъкид кард, ки Созмони ҷаҳонии тиҷорат муддатҳои тӯлонӣ бо Амрико муносибатҳои хуб надоштааст ва ин ташкилот мебояд рафторашро иваз кунад.

Хориҷшавии Амрико аз созмони мазкур шояд кори дигар кишварҳои аъзоро осонтар кунад, аммо аз нигоҳи иқтисодӣ дар бозори ҷаҳонӣ тағйироти куллиро ба вуҷуд оварданаш мумкин аст, тавзеҳ дод ноиби аввали раиси палатаи сановат ва савдои Русия Владимир Падалко ба хабарнигории РИА Новости.

"Агар ҳамаи он муносибатҳоеро, ки вақтҳои охир аз ҷониби Амрико ба мушоҳида мерасанд, ба назар гирем, ихроҷи ин кишвар барои созмон шояд осонӣ биёрад, зеро Амрико тарбиберо дар ин созмон риоя намекард" — тавзеҳ дод Падалко. 

Барчаспҳо:
созмони тиҷоратӣ, ихроҷ, Доналд Трамп, Дар ҷаҳон

Мавзӯъҳои асосӣ