Расонаҳои хабарӣ: корманди пулиси Қазоқистон сардорашро кушт

© © Sputnik /Скорая помощь в Казахстане, архивное фото
Скорая помощь в Казахстане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ғарби Қазоқистон сержант пулис аз туфангчаи шахсиаш ба тарафи сардораш тир андоха ӯро ба ҳалокат расондааст

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Сержанти пулис роҳбари худро бо туфангчаи шахсиаш дар ҳавлии назди Шӯъбаи вазорати корҳои дохила дар деҳаи Чапаевои вилояти ғарби Қазоқистон куштааст, иттилоъ додааст расонаи хабарии "Мой город".

Телефон дежурной части ОВД в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Таҳдид ба пулис: тоҷиконро назорат кунед, вагарна тамоми Маскавро метарконам

Бино ба иттилои манбаъ ҳодиса дар нимаи дуюми рӯзи панҷшанбе рух додааст.

"Дар деҳа Чапаеви ноҳияи Акжаикск дар ҳавлаии назди Шӯъбаи вазорати корҳои дохила, сержанти пулис аз туфангчаи шахсиаш сардорашро, парронда ӯро ба ҳалокат расондааст, иттилоъ додааст, намояндаи пулиси вилоятӣ ба хабаргузории "Мой город".

Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. 

Лентаи хабарҳо
0