13:21 20 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.77
  • RUB0.14
Абдулқаюм Кучай, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Барканории Абдулқаюми Кучай баъди изҳороташ дар бораи "мафия" ва норозигии Тоҷикистон

CC BY 4.0 / Совет Федерации Федерального Собрания РФ
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
817 0 0

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон дастур додааст, ки Абдулқаюми Кучай, сафири Афғонистон дар Русия аз мақомаш барканор карда шавад

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Тибқи иттилои расонаҳои Афғонистон, далели барканории Абдулқаюм Кучай, ки аз хешони наздики раисиҷумҳури ин кишвар мебошад, расидан ба синни нафақа арзёбӣ шудааст.

Абдулқаюм Кучай  соли 2016, дар рӯзҳои аввали таъинаш ба мақоми сафир дар Маскав бо изҳороти баҳсбарангезаш вирди забонҳо шуда буд.

Кӯчай охири моҳи декабри 2016 дар суҳбат бо видеоблоги афғонӣ гуфт, пушти интиқоли маводи мухаддири Афғонистон русҳо ва мафияи Тоҷикистон меистад.

Ӯ ахиран зимни як нишасти матбуотияш дар Маскав дар мавриди ҳамкориҳои Кобул бо Душанбе ва Тошканд алайҳи гуруҳҳои террористӣ гуфт, низомиёни афғон бо ҳамтоёнашон аз Осиёи Миёна, махсусан Тоҷикистон ҳамкории хуб доранд.

Абдулқаюм Кучай изҳор дошта буд, ки Афғонистон калонтарин тавлидкунандаи маводи мухаддир аст, аммо фоидаи асосиро аз он мафияи байналмилалӣ мегирад.

"Мафияи байналмилалӣ ҳам дар Тоҷикистон, кишварҳои дигари Осиёи Миёна, Эрон, Покистон ва давлатҳои дигар фаъолият дорад", — таъкид намуд Кучай.

Ӯ афзуда буд, ки маводи мухаддир аз Афғонистон тариқи Тоҷикистон ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ва баъдан ба Маскаву Аврупо интиқол меёбад.

Барчаспҳо:
мафия, барканорӣ, сафир, нашъа, Кучай, Афғонистон-Тоҷикистон-Русия

Мавзӯъҳои асосӣ