10:36 16 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.66
  • RUB0.14
Аъзои созмони террористии Толибон, акс аз бойгонӣ

Толибон дар шимоли Афғонистон як ноҳияро ишғол карданд

© AP / Allauddin Khan
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
189 0 0

Мақомдорони маҳаллӣ тасдиқ намудаанд, ки баъди задухӯрди шадид миёни Толибон ва низомиёни Афғонистон як вулусволии вилояти Ҷузҷон ба тасарруфи ин гурӯҳи тундрав даромадааст

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Ҷангҷӯёни ҳаракати террористии Толибон яке аз ноҳияҳои вилояти Ҷузҷонро дар шимоли Афғонистон ишғол кардаанд, хабар медиҳад  шабаки телевизионии Tolo New.

Мақомдорони маҳаллӣ алакай тасдиқ намудаанд, ки вулусволии Хам Ааби вилояти Ҷузҷон баъди задухӯрдҳои шадид бо низомиён ба ихтиёри Толибон гузаштааст.

Чанде пеш ҷангҷӯёни ҳаракати Толибон вулусволии дигарро дар ҷануби вилояти Фарёби Афғонистон ишғол карда буданд. Мувофиқи иттилои расонаҳои хабарӣ дастикам 17 нафар аз низомиён ҳалок гардида 12 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Инчунин охири моҳи августи соли равон ҳукумати вулусволии Пактия аз тайёрии гурӯҳи Толибон барои ҳуҷум ба шаҳри Гардез карда буданд. Ҳимоягарони ҳуқуқ боварӣ бар он доштанд, ки ҷагҷӯён мақсади ҳамлаи гурӯҳӣ ба шаҳри Гардезро доранд. 

Намояндагони пулис иброз доштаанд, ки дар давоми ду моҳи гузашта таҳдидҳо нисбати вулусволии Пактия махсусан баъди ҳодисаҳои Ғазнӣ зиёд шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Афғонистон мубориза миёни ҳукуматдорон ва ҳаракати Толибон давом дорад, ки дувумӣ мехоҳад мавқеашро аз қишлоқҷойҳо ба шаҳрҳо густариш диҳад.  

Барчаспҳо:
задухӯрд, ҳамлаи Толибон, тасарруф, ҳамла, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ