15:41 22 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.53
  • RUB0.15
Ҷангҷӯёни Толибон, акс аз бойгонӣ

Толибон ба як гузаргоҳи марзии шимоли Афғонистон ҳамла карданд

© AFP 2019 / JAVED TANVEER
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
290 0 0

Ҳамлаи Толибон ба яке аз минтақаҳои вилояти Балх сурат гирифтааст

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Дар натиҷаи ҳамлаи ҷангҷӯёни гурӯҳи "Толибон" ба нгузаргоҳ марзӣ дар шимоли афғонистон 9 нафар кормандони пулиси кишвар ҷони худро аз даст доданд, иттилоъ додааст шабакаи телевизионии 1ТV дар истинод ба намояндаи беморхонаи маҳалӣ.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳамла ба яке аз минтақаҳои вилояти Балх сурат гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки дар Афғонистон мубориза миёни ҳукуматдорон ва ҳаракати Толибон давом дорад, ки дувумӣ мехоҳад мавқеашро аз қишлоқҷойҳо ба шаҳрҳо густариш диҳад.

Инчунин, дар Афғонистон нуфузи гурӯҳи террористии ДОИШ (мамнӯъ дар қаламрави Русия) низ афзоиш ёфтааст.

Артиши Афғонистон дар тамоми кишвар бар зидди гурӯҳҳои террористӣ амалиётҳо мегузаронад.

 

Барчаспҳо:
Афғонистон, шимоли кишвар, марз, ҷангҷӯён, Толибон, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ