11:40 26 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Мурдахона, акс аз бойгонӣ

Мурда зинда шуд: доду вой аз яхдони мурдахона ҳуши посбонро парронд

CC BY-SA 3.0 / Wikipedia / P.J.L Laurens
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
418520

Марди 31-солае дар Лаҳистон ҳангоми дилхушӣ аз меъёр зиёд шароб нушида, дар кӯча афтидааст. Роҳгузарон ӯро беҳуш пайдо карда, ба ёрии таъҷилӣ занг задаанд. Табибон мардро ба мурдахона фиристодаанд

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Дар Лаҳистон  "мурдаи"  аз шароб заҳролудшудае дар мурдахона посбони муассисаро сахт тарсонидааст.

Тавре нашрияи  PatrztuNews хабар медиҳад, мард вақти дар яхдони мурдахона қарор доштан, ба ҳуш омада, доду вой бардоштааст.

Тавре манбаъ тавзеҳ медиҳад, ҳодиса дар шаҳри Семяновитсе-Сленскеи Лаҳистон рух додааст: марде пас аз дилхушӣ дар тарабхона ба кӯча баромада афтидааст. Роҳгузарон аз беҳуши мард ба ёрии таъҷилӣ хабар додаанд. Табибон бошанд, ӯро ба мурдахона фиристодаанд.

Гуфта мешавад, баъди чанде ногаҳон аз яке аз яхдонҳои мурдахона садои доду вой баланд шудаанд.

Посбон қуттии яхдонро кушода дар дохили он "мурда"-еро мебинад, ки аз хунукӣ меларзид.

Мард аз кӯмаки пизишкон ин дафъа даст кашидааст.

Тавре манбаъ афзудааст, мард такси киро карда, мехостааст ба манзилаш равад, аммо дар роҳ аз фикри худ гашта, ба тарабхона баргаштааст.

Барчаспҳо:
шароб, мурда, Лаҳистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ