02:55 21 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Подозреваемый в убийстве 5-летней девочки в Подмосковном Серпухове

Тамдиди ҳабси Сёмин ва таъкиди ҳимоятгари оилаи Ҳувайдо: девона ҳам бошад, озод намешавад

© СК РФ по Московской области
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
122510

Додгоҳи шаҳри Серпухов баъди зуҳри имрӯз муҳлати ҳабси Александр Сёмин, муттаҳам дар қатл ва таҷовузи Ҳувайдо Тиллозодаи 5-соларо барои як моҳи дигар тамдид кард

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Тавре хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз толори мурофиа иттилоъ дод, бар асоси қарори додгоҳ Сёмин то 22 октябр дар боздошт мемонад. 

Муфатиш аз додгоҳ дархост кардааст, ки боздошти Сёминро то 22 октябри соли равон тамдид намояд, чунки то ҳол натиҷаи ташхиси руҳӣ ӯ омода нест.

Муфатиш таъкид намудааст, ки Семин ба ҷинояти сангин айбдор мешавад ва сабук кардани ҳукми боздошти ӯ қобили қабул нест.

“Мо итминон дорем, ки агар айбдоршаванда озод гардад, метавонад аз зери назорати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пинҳон шавад”, - гуфта шудааст дар қарори додгоҳ.

Дар ҳамин ҳол падару модари Ҳувайдо ба Sputnik Тоҷикистон хабар додаанд, парвандаи мазкур боз як моддаи дигар илова шудааст.   

“Хуб шудааст, ки ба парвандаи қотил моддаи 126 КҶ Русиро ”Одамрабоӣ”-ро илова карданд. Аз аввали ӯ бо ин модда айбдор намешуд, аммо ҳимоятгар барои илова кардани ин модда истодагарӣ кард. Дар додгоҳ намояндагони сафорати Тоҷикистон низ ҳузур доштанд. Онҳо ба ман қавл доданд, ки парвандаи Ҳувайдо таҳти назорати ҳукумати ду кишвар аст”, - гуфт Абдусалом Саидов

Қаблан иттилоъ дода шуд, ки додгоҳ қарор кардааст, Александр Сёмин аз ташхиси руҳӣ равонӣ гузарад.

Олга Михайловна, вакили мудофеи хонаводаи Ҳувайдо дар суҳбат бо Sputnik гуфт, ташхис дар Пажуҳишгоҳи Сербского гузаронда мешавад. Ӯ таъкид намуд, ки агар бар асоси хулосаи равоншиносон Александр Сёмин бемор ҳам бошад, аз ҷавобгарӣ озод нахоҳад шуд.

Мувофиқи маълумоти ВАО Ҳувайдо аввалин “тӯъма”-и Александр Сёмин нест. Вай аз ин пеш камаш ба 5 духтари хурдсоли дигар кӯшиши дастдарозӣ кардааст. Тафтишот ду ҳолати амалҳои ин қотилро ифшо карда сетои дигараш мавриди санҷиш қарор доранд. Чунин шикоятҳо муфаттишонро водор кардаанд, ки нахуст вазъи руҳии Сёминро санҷанд.

Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо, рӯзи 19-уми сентябр гуфт, аз рафти тафтишот розӣ аст, аммо айни замон талаб дорад, ки холаи Александр Сёмин низ ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Ба қавли падари Ҳувайдо, холаи Александр Сёмин, ки худ вакили мудофеъ будааст, ба вакилони онҳо фишор овардааст, то аз ҳимояти хонаводаи Ҳувайдо даст кашанд.

Ёдовар мешавем, ки Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 22-юми июл дар назди хонаашон дар шаҳри Серпуховои вилояти Маскав ғайб зад ва ҷасади ӯро субҳи 23-юми июл дар як борхалтаи варзишӣ дар наздикии ҳамон маҳал пайдо карданд. Ба қавли мақомоти интизомии Русия, дар ҷасади кӯдаки 5-сола осори таҷовузи ҷинсӣ мушоҳида шуд. Бо иттиҳоми таҷовузи ҷинсӣ ва қатл Александр Сёмини 27-сола, яке аз ҳамсоягони хонавода дар вилояти Маскав дастгир шуда, дар ҳабси пешаки қарор дорад.

Барчаспҳо:
тоҷик, қатли кӯдаки тоҷик дар Серпухова, қотил, Ҳувайдо, қатл, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ