08:32 24 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Министр иностранных дел России Сергей Лавров

Сергей Лавров барои иштирок дар ҷаласаи ИДМ ба Тоҷикистон муовинашро мефиристад

© Sputnik / Стас Этвеш
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
393 0 0

Мақомоти Тоҷикистон интизор доштанд дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия иштирок мекунад, аммо ҷои вай ба Тоҷикистон муовинаш меравад

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik.  Русияро дар ҷаласаи  Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ, ки дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад, муовини вазири коҳои хориҷӣ намояндагӣ мекунад, иттилоъ додааст Мария Захарова намояндаи расмии вазорати хориҷаи Русия.

“Ман ин маълумотро дақиқ мекунам, аммо тавре, ки ман медонам ба ҷаласаи мазкур Муовини вазир меравад”, гуфт Захарова

Ёдрас мешавем, ки дар Душанбе 27 сентябри соли равон ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷа ва рӯзи 28 сентябр ҷаласаи Сарони кишварҳои узви ИДМ баргузор мегардад.

Раисҷумҳури Русия В. Путин, акс аз бойгонӣ
© Sputnik / Михаил Климентьев

Пештар хабар дода шуда буд, ки мақомоти Тоҷикистон интизор доранд дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия иштирок мекунад.

Ҳатто Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон тасмим дошт бо ҳамтои русаш мулоқот кунад ва  вазъи ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ намояд.

Инчунин, Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон тасмим дошт бо Сергей Лавров мулоқот намояд.  

Барчаспҳо:
ба мулоқот, мулоқот, Русия, ИДМ, Тоҷикистон, Лавров, Лавров

Мавзӯъҳои асосӣ

  • Озода Раҳмон, роҳбари дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

    Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон хабар дод, ки Озода Раҳмон, раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ дар бахши таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният бо пешниҳоди Шӯрои Маҷлиси мазкур, мақоми ҷадид гирифтааст

    3854
  • Мулоқоти раисҷумҳури Русия Владимир Путин бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

    Раисҷумҳури Русия унвонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъватнома барои иштирок дар 75 - умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ирсол намудаст.

    1126
  • Мошини БДА

    Додгоҳи ноҳияи Шаҳринав кашмакаши як ронандаи солхӯрда бо нозири роҳро, ки навори он ба интернет роҳ ёфта буд, баррасӣ карда, ронандаро ба андозаи беш аз 38 ҳазор сомонӣ ҷарима баст

    1056