22:46 21 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.72
  • RUB0.14
Молоток судьи в зале суда

Пулро худашон гирифтанду дуздиро саҳнасозӣ карданд

© Sputnik / Максим Богодвид
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
432 0 0

Додгоҳи шаҳри Белови вилояти Кемероваи Русия се шаҳрванди Тоҷикистонро барои дуздии пул аз мағоза аз 2,5 то се соли ҷазои шартӣ таъин намуд

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Дар шаҳри Белови вилояти Кемеровои Русия се шаҳрванди Тоҷикистон барои дуздидани 1 миллиону 800 ҳазор рубл аз мағоза, ки дар он кор мекарданд, дастгир шуданд, иттилоъ додааст ВУД вилояти Кемерово.

Ба гуфтаи манбаъ, раиси мағоза ба пулис шикоят бурдааст, ки шаб шахсони  номаълум вориди мағозааш шуда 1 миллиону 800 ҳазор рублро аз сандуқи оҳанин дуздӣ карданд.

“Дар рафти ҷустуҷӯи оперативӣ кормандони пулис шахсияти дуздонро ошкор намуданд. Дуздон, кормандони худи ҳамин мағохза буданнд. Онҳо пулҳоро гирифта сипас саҳнасозӣ кардаанд, ки гӯё мағозаро дузд задааст. Ҳоло маблағҳои дуздидашуда баргардонида шуд”, - иттилоъ додааст дафтари матбуотии ВУД Русия дар вилояти Кемерово.

Манбаъ таъкид кардааст, ки ин се нафар аз сандуқи оҳанин мағоза дар охири рӯз  пулҳоро гирифта, қулфҳои дарро шикаста, дуздиро саҳнасозӣ карданд. Сипас онҳо шабона ба ҷои дуздӣ баргашта дарҳоро боз карданд, то ки воситаҳои сигналдиҳӣ ба кор дароянд. Баъдан онҳо аз ҷои ҳодиса ғайб заданд.  

Додгоҳ як шаҳрванди Тоҷикистон се сол ва ду нафари дигарро ба 2,5 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ ба ин се нафари саҳнасоз ҷазои шартӣ таъин намудааст.   

Барчаспҳо:
дуздӣ, дуздӣ, мағозаҳо, Тоҷикистон, тоҷик, Кемерово, додгоҳ, Додгоҳ

Мавзӯъҳои асосӣ