21:41 18 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.69
  • RUB0.14
Демонстранты с флагом ИГ. Архивное фото

Замир Кабулов: Ҷангҷӯёни ДОИШ мехоҳанд Осиёи Марказиро ноором созанд

© AFP 2018 / TAUSEEF MUSTAFA
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
214 0 0

Замир Кабулов, намояндаи махсуси раисҷумҳури Русия доир ба Афғонистон, ҷамъшудани 2,5 ҳазор ҷангҷӯёни ДОИШ, дар марзи Афғонистону Покистонро тавзеҳ дод

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии ДОИШ (мамнӯъ дар қаламрави  Русия) барои ноором сохтани вазъи сиёсӣ дар дохили кишварҳои Осиёи Миёна омодагӣ мегиранд, гуфтааст Замир Кабулов, намояндаи махусуси раисҷумҳури Русия доир ба Афғонистон.

Вай ин изҳоротро дар ҳошияи эълони Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) кард, ки гӯё 2,5 ҳазор ҷангҷӯёни ДОИШ, дар марзи Афғонистону Покистон ҷойгир шудаанд.

“Нерӯи асосии ҷангии ДОИШ дар Афғонистон, ин сокинони ин минтақа мебошанд... Бештар сокинони Осиёи Марказиро ба онҷо равон мекунанд. Ин нафарон ба ин минтақа на барои мубориза бар зидди неруҳо хориҷӣ дар Афғонистон, балки барои омодагӣ ба ноором сохтани вазъи сиёсӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ равон мешаванд.”, - афзуд  Кабулов дар мусоҳиба ба телевизиони RT.

Чанде пеш, дар бораи таҳдиди бевоситаи террористон ба Осиёи Марказӣ  Никита Мендкович, раиси Бошгоҳи таҳлилии АвруОсиё ва коршиноси Шӯрои муносибатҳои байналмилалии Русия тавзеҳ дода буд.  

Террористон дар Осиёи Марказӣ кӯшиш мекунанд “грӯҳҳои хобидаро” ба ҳаракат дароранд. Ба гуфтаи коршинос вазъият дар минтақа дар ҳақиқат бисёр мушкил шудааст.

“Хатари ҷангҷӯён барои минтақаҳои ҳаммарз аҳмият дорад. ДОИШ дар давраҳои гузашта тавонист як қатор ноҳияҳои Афғонистонро таҳти назорати худ бигирад. Ин гурӯҳ дар ин минтақаҳо ҳузури ҳамешагии худро собит карду ба коридани маводи кукнору фуруши маводи мухаддир барои пур кардани буҷааш  даст задааст”, - таъкид кардааст Никита Мендкович ба Sputnik Тоҷикистон.

Вай афзуд, ки марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд мустаҳкам карда шавад.

Ин дар ҳолест, ки коршиноси низомӣ Андрей Кошкин таъкид кардааст,ки барои мубориза бо терроризми байналмилалӣ набояд кишварҳои алоҳида мубориза баранд, балки ҳамаи дунё ба ин раванд бояд ҳамроҳ шаванд.

“Ин тавр аст, ки ДОИШ-и, дар Ироқу Сурия шикаст хурда, метавонанд дар дигар минтақаҳое, ки мушкилоти зиёд доранд, ба хусус дар кишварҳои, ки ба мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ рӯ ба рӯ ҳастанд корҳои сиёҳи худро идома диҳанд. Ҳоло чунин минтақаҳо дар дунё кам нестанд, аммо Осиёи Марказӣ минтақаест, ки ин гурӯҳҳо худро хуб ҳис мекунанд ва нерӯи худро афзоиш медиҳанд”, - таъкид кард Кошкин.   

Барчаспҳо:
марз, Осиёи Марказӣ, таҳдиди террористӣ, Афғонистон, ДОИШ, ДОИШ, Толибон, Толибон

Мавзӯъҳои асосӣ