Додситони кулли Узбакистон: Гулнора Каримова то ҳол дар зиндон мемонад

CC0 / Wikipedia / Гульнара Каримова, архивное фото
Гульнара Каримова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додситони кулли Узбакистон хабарҳо дар бораи озод шудани Гулнора Каримоваро рад кард

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Гулнора Каримова духтари калонии нахустин раисҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов, мувофиқи ҳукми додгоҳ то ҳол дар зиндон мондааст, иттилоъ додааст Додситони кули Узбакистон.

Лола Каримова - Sputnik Тоҷикистон
Аз Гулнора намонам: Лола Каримова дар интернет акси нимурёнашро мунташир кард

Рӯзи Душанбе Имон Каримова, духтари Гулнора Каримова дар саҳифаи  Instagram-аш акси чиптаи ҳавопаймо аз Истамбул ба Лондонро нашр кард. Вай ҳамчунин навиштааст, ки “модараш (Гулнора Каримова) акнун дар хона аст”.

“Гулнора Каримова чун дигар зиндониён нигаҳбонӣ мешавад”, - гуфт намояндаи Додситонии кулли Узбакистон. Аз ҷӯзъиёти дигар хабар надодааст.

Қаблан намояндаи додситонӣ тасдиқ кард, ки Имон Каримова бе мамониат Узбакситонро тарк кард.

 Тибқи маълумоти додситонии кулли Узбакистон, Гулнора Каримова, моҳи августи соли 2015 барои тамаъҷӯи ва насупурдани андоз ба 5 соли зиндон маҳкум шуда буд. Инчунин дар ҳоли ҳозир тафтишоти даст доштани вай ба ҷиноятҳо идома дорад.

Гульнара Каримова, архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Гулнора Каримова ҳам ба рӯйхати сиёҳи Амрико ворид шуд

Баъди марги Ислом Каримов, дар соли 2016 дар расонаҳо хабари кушта шудани Гулнора Каримова нашр шуда буд, аммо ин маълумот тасдиқи худро наёфтанд. Грегуар Манжа, вакили дифоъ аз Женева, хабар дода буд, ки ӯро дар моҳи декабри соли 2016 дар Тошканд дидааст. Ба гуфтаи вай Гулнора солим буд, аммо шароити нигоҳдории вай ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ нест.

Моҳи июли соли 2017,  додситони кулли Узбакистон хабар дода буд, ки тафтишоти парвандаи ҷиноӣ Гулнора Каримова, идома дорад ва нисбати вай чораҳои эҳтиётӣ дар шакли ҳабси пешакӣ пешбинӣ шудааст.

Хабар дода шуда буд, ки мувофиқи ду парвандаи ҷиноӣ Гулнора Каримова ба кишвараш дар ҳаҷми 2 миллиард доллра зарар расонидааст. Узбекистон дороиҳои гурӯҳро дар 12 кишвари дунё аз ҷумла дар Русия ба маблағи 1,5 миллиард доллар ҳабс кард.

Гульнара Каримова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Узбакистон аз Русия дархост кард, ки амволи Гулнора Каримоваро ба ҳабс гиранд

Моҳи декабри соли 2017, Вазорати молияи Амрико, Гулнора Каримоваро ба феҳристи шахсони таҳримшудаи “қонуни ҷаҳонии Магнитский” дохил намуд.

Тибқи иттилои Вазорати молияи Амрико, Каримова “роҳбари гурӯҳи бузурги муташкилонаи ҷиноӣ” буда, ба мусодираи тиҷорат, монополия намудани бозорҳо ва талаб намудани ришва машғул будааст. Инчунин Амрико Гулнора Каримоваро ба тамаъҷӯи айбдор мекунад.

Лентаи хабарҳо
0