09:01 20 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.82
  • RUB0.14
LIVE: Международный вокальный конкурс Ты супер! на НТВ

Довталабон, шитобед: эълони давраи нави озмуни “Ту беҳтаринӣ!”

© НТВ
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
135 0 0

Озмуни байналмилалии мусиқии “Ту беҳтаринӣ” барои давраи севуми лоиҳа довталаб меҷӯяд. Ҳамаи хоҳишмандони аз 7 то 18 сола метавонанд дар кастинг ширкат кунанд

ДУШАНБЕ, 9 окт - Sputnik. Шабакаи телевизионии НТВ ва оҷонсии иттилоотии байналмилалии Sputnik  ба  давраи севуми озмуни "Ту беҳтаринӣ!" барои кӯдакони бепарастор кастинг эълон мекунад.

Дар лоиҳа наврасони боистеъдоде, ки дар хонаи кӯдакон истиқомат мекунанд ё фарзандхонӣ шудаанд ва ё дар мактаб-интернатҳо мехонанд, метавонанд иштирок кунанд.

Шартҳои қабул ба озмуни "Ту беҳтаринӣ!" мисли давраҳои гузашта аст: иштироккунандагон бояд аз 7 то 18 сол дошта, фарзандхонӣ шуда бошанд ва ё тарбиятгирандаи хонаи кӯдакон ва мактаб-интернатҳо бошанд. Наврасон аз тамоми гӯшаву канори Русия ва ИДМ ҳуқуқи иштирок дар ин озмунро доранд. Довталабон  тариқи кастинг интихоб мешаванд.

Шумо метавонед барои иштирок дар кастинг ба почтаи электронии  Sputnik Тоҷикистон -info@sputnik.tj маълумотҳои зеринро фиристед.

1. Наворе, ки дар он  довталаб худро муаррифӣ мекунад (ному насаб, сину сол, ҷои зист: дар хонаи кӯдакон/интернат/фарзандхонӣ шудааст) ва чанд наворе, ки дар он довталаб баромад мекунад. Метавон навори баромадҳоро аз дигар озмунҳо низ  равон кард.

2.     Ирсоли анкета

Натиҷаи давраи аввали озмун зимистони соли 2019 маълум мегардад.

Ёдрас мешавем, соли гузашта дар озмуни байналмилалии “Ту беҳтаринӣ” Тоҷикистонро Меҳрона Ғайбуллова намояндагӣ карда буд. Ӯ то давраи нимниҳоии озмун роҳ ёфта тавонист.

Мавзӯъҳои асосӣ