Ҷаҳонгарди тоҷик Фарҳод Калонов дар Саҳрои Кабир дар монд

Джип Фархода Калонова в Сахаре
Джип Фархода Калонова в Сахаре - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мошини гардишгар, ки қариб тамоми ҷаҳонро гаштааст, ба регҳои биёбони Марокаш тоб наовардааст

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Худрави сайёҳи тоҷикистонӣ Фарҳод Калонов дар регҳои биёбони Саҳрои Кабир дар мондааст.

Фарҳод то қитъаи Африқо расида, дар Марокаш мехостааст хатсайри  ралли-марафони "Дакар"-ро  такрор карда, дар регравонҳои Саҳрои Кабир мошинсаворӣ кунад.

Аммо тавре ки худи вай мегӯяд, ӯ қариб буд аз карда пушаймон шавад.

Пас аз он ки гардишгар ба биёбон ворид мешавад, муҳаррики мошинаш дар нишебие аз кор монда, худрав дар рег дар мондааст.

Дар ин ҳолат Калонов дар байни биёбон ва зери офтоби сӯзон бояд роҳ мошинро тоза мекард, то автомобилро  аз асорати рег озод созад.

Хушбахтона, ӯро сокинони маҳаллӣ халос карданд. Онҳо, ки ба иқлми биёбон одат кардаанд, ба Фарҳод кӯмак намуда, мошинашро аз рег кофта бароварданд.

"Биёбон ба ман дарси хуб дод - бо Саҳрои Кабир наметавон шӯхӣ кард", - таъкид мекунад Фарҳод.

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки президенти клуби мотосиклсаворони Тоҷикистон Фарҳод Калонов ба 50 кишвари ҷаҳон сафар мекунад. Ӯ мехоҳад дар тӯли як сол номи Тоҷикистонро муаррифӣ карда, амалҳои башардӯстона анҷом диҳад.

Лентаи хабарҳо
0