11:02 19 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Рабочий визит президента РФ В. Путина во Францию

Путин мулоқоташро бо Трамп дар Париж тавзеҳ дод

Пресс-служба Президента РФ
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
258 0 0

Владимир Путин ва Доналд Трамп дар ҷараёни чорабиниҳои бахшида ба 100-умин солгарди анҷомёбии Ҷанги якуми ҷаҳон мулоқоти кӯтоҳе анҷом додаанд

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин хабар дод, ки ӯ бо президенти Амрико Доналд Трамп дар Париж мулоқоти кӯтоҳе анҷом додааст.

Тавре РИА Новости хабар медиҳад, раисҷумҳур дар посух ба суоли рӯзноманигорон, ки оё бо Трамп мулоқот кардааст, гуфтааст, "бале" ва ба суоли "мулоқот чигуна сурат гирифт?", гуфтааст, "хуб".

Дар баромадгоҳи дарвозаи Қасри Елитсей Владимир Путин дубора ангушти калонашро дар ишора ба Трамп боло кард. Пештар Путин ҳангоми дидор бо Трамп дар назди Арки пирӯзӣ ҳамин ишораро карда буд. Путин баъди дастфишорӣ бо Трамп ангушти калонашро боло кард, Трамп бошад дар посух ба китфони Путин дастафшонӣ кард.

Путин, низ дар ҷавоб ба китфи Трамп даст афшонда, ба ҷояш гузашт.

Бояд зикр кард, ки раҳбарони даҳҳо кишвар рӯзи 11-уми ноябр барои ширкат дар маросими 100-умин солгарди оташбаси Ҷанги якуми ҷаҳон дар Париж ҷамъ омаданд. Дар ин маросим,  70 роҳбари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Владимир Путин, Доналд Трамп, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, Пётр Порошенко ҳузур доштанд.

Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса баромад кард ва гуфт, "сулҳи бадастомадаро бояд эҳтиёт кард".

“Баъзе аз мо дар он ҷанг дар ҷониби муқобил будем. Имрӯз ҳама якҷо ҳастем, ки ин беҳтарин эҳтиром ба сарбозони ҷонбохта аст”, - гуфт Макрон.  

Ёдовар мешавем, ки сад сол пеш,  11-уми ноябри соли 1918 ҷанги якуми ҷаҳон - ҷанги чаҳорсолае тамом шуд, ки дар ҷараёни он 10 миллион сарбоз ва миллионҳо нафари ғайринизомӣ кушта шуданд.

 

Барчаспҳо:
вохурӣ, Париж, Трамп, Путин

Мавзӯъҳои асосӣ