04:08 17 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
В районе города Киркука в Ираке, архивное фото

Дод аз дасти ДОИШ: муҳоҷири тоҷик барои тарғиби гурӯҳи террористӣ пушти дари зиндон шуд

© Sputnik / Дмитрий Виноградов
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
205 0 0

Мақомоти ФСБ Русия дар минтақаи Якутия як шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир кард, ки ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ сокинонро ба гурӯҳи террористии ДОИШ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) ҷалб мекард

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Додгоҳи ҳарбии Шарқи Дур як шаҳрванди Тоҷикистонро барои ҷалби сокинони Якутия ба сафи гурӯҳи террористии ДОИШ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) ба ҳафт соли зиндон дар маҳбасҳои низомаш умумӣ маҳкум кард. Дар ин бора дафтари матбуотии ФСБ Русия  хабар медиҳад.

Кормандони ФСБ дар ҷумҳурии Якутия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои бозҷӯӣ шаҳрванди Тоҷикистон И.-ро дастгир карданд. Ҷавон (соли таваллудаш 1987) ғайриқонунӣ дар ҳудуди Якутия (бо вайрон кардани тартиботи муҳоҷиратӣ - идора) будубош мекардааст. Бо вуҷуди ин, ӯ дар дачаи яке аз соҳибкорони маҳаллӣ ба ҳайси посбон фаъолият доштааст.

Ӯ дар “ҷойи кораш” – дача зиндагӣ карда, ҳамзамон ба ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ сокинонро ба сафи гурӯҳи терористии ДОИШ ҷалб карда, ба корбарони интернет таблиғоти хусусияти экстремистиву террористидоштаро ирсол мекардааст.

Муҳоҷири тоҷикро моҳи апрели соли 2017 боздошт карданд. Дар рафти тафтишот аз вай маводҳои хусусияти ахлоқи эктремистидошта ва китобҳои динии мамнӯъ пайдо карданд.

Мавзӯъҳои асосӣ