02:26 21 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Э. Рахмон. Архивное фото

Сабри ҷамил мехоҳем: барқияи таслияти Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Афғонистон

© Sputnik / Алексей Никольский
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (153)
1032 0 0

Кишвардори Тоҷикистон ба Ашраф Ғанӣ ва пайвандони қурбониён сабри ҷамил хостааст. "Аз даргоҳи Худованд ба ҳамаи осебдидагон шифои комилро масъалат дорем", - менависад Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи таслият ирсол кардааст. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар медиҳад.

"Хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари ҳамлаи маргталабона ба ҷамъомади бузурги бахшида ба мавлуди набавӣ дар Кобул боиси андуҳи ин ҷониб гардид", - омадааст дар барқия.

Эмомалӣ Раҳмон ин амали терористонро маҳкум намуда, ба ҷабрдидагон сабри ҷамил хостааст.

"Мо ин аъмоли ғайринсонии террористонро қатъиян маҳкум карда, ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба Шумо, Ҷалолатмаоб, тамоми мардуми дӯсти Афғонистон изҳор менамоем ва ба наздикону пайвандони қурбоншудагон сабри ҷамил хоҳонем. Аз даргоҳи Худованд ба ҳамаи осебдидагон шифои комилро масъалат дорем", - менавсид дафтари матбуотӣ.

Ёдрас мешавем, бар асари ин инфиҷори бомб, ки асри рӯзи сешанбе дар маҳалли баргузории маросими ҷашни милоди Паёмбари гиромии Ислом (с), дар меҳмонхонаи “Уранус”-и Кобул рӯй дод, 60 нафар низ захмӣ шуд. Ҳоли бархе аз маҷрӯҳони ин инфиҷор вахим гузориш мешавад.

То кунун фард ё гурӯҳе масъулияти ин инфиҷорро бар уҳда нагирифтааст, аммо масъулияти ҳамалоти террористии мушобеҳро борҳо гурӯҳи террористии ДИИШ пазируфтааст.

Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (153)

Мавзӯъҳои асосӣ